Дата: Четверг, 06.09.2012, 18:03 | Сообщение # 1
Администраторы
- Сообщений: 10
- Награды: 0 +
- Замечания:
±
Прошивка кардани 3G модемҳо. Дар вақти ҳозира ҳар як одам бо интернет сару кор дорад. Барои ин албатта ба интернет пайваст шудан лозим аст. Ҳар як ширкати мобилӣ ин имкониятро ба мо медиҳад. Баъди харидани модеми як ширкати мобилӣ мо танҳо сим картаҳои ҳамон ширкатро истифода бурда метавонем. Албатта ин ноқулай аст ва ба мо даркор мешавад, ки сим картаҳои дигар ширкатҳои мобилиро низ модеми мо гирад. Инро дар нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ мекунанд, дар шаҳри Қурғон-теппа нархи ин хизматрасонӣ аз 15 сомонӣ боло аст. Агар шумо хоҳед, ки модеми худатонро бе пул прошивка кунед. Пас шумо ба суроғаи даркори омадед. Ман инро ба шумо нишон медиҳам. Ҳозир бо Прошивка кардани 3G модеми Huawei Е173 шинос мекунам.
Прошивка кардани 3G модеми Huawei Е173
Бояд бигуям ба натиҷаҳое, ки шумо ноил мешавед на ман ва на дигар кас ҷавобгар нест. Гап дар он аст, ки агар шумо модематонро нодуруст прошивка кунед вай аз кор мемонад, барои ҳамин, эҳтиёткорона рафтор кунед.
1) Барномаҳои барои прошивкаи модем даркориро ба компютери худатон сабт карда гиред: прошивкаи оригиналӣ (firmware) аз HUAWEI — huawei_e173_e173u-1_firmware_update_11.126.85.00.209_B427_win_mac.exe, барнома барои таёр кардани FLASH ва NCK — кодҳо бо истифодаи IMEI-и модем—huawei_unloсker_by_souhail_gsm_and_maverick_lp28.exe, ТБ барои Менеджери пайвастшавӣ (dashboard)1_huawei_e173_dashboard_utps_11.300.05.21.343_B416_v. 3.17.00_by_helpower.narod.ru.exe +2_huawei_e173_dashboard_utps_11.302.09.15.209_B416_3G Internet.exe ва маълумот оид ба прошивкаи firmware ва dashboard-и модеми Мегафон —obnovlenie_po_v_modemax_huawei.101217.pdf (ссылкаҳо барои сабт карда гирифтан - баъди инструксия). 2) Баъди оне, ки ҳаммаи барномаҳои даркориро ба компютери худатон сабт карда гирифтед - IMEI-и модемро нависта программаи huawei_unloсker_by_souhail_gsm_and_maverick_lp28.exe ро мекушоем ва IMEI-и нависта гирифтаатонро дохил намоед ва тугмачаи Unlock зер кунед. Маълумотҳо ба монанди дар сурати нишон дода шуда пайдо мешавад:
а) Бо барномаи Huawei_Modem_Unlocker_v1.1_by_Micro-BOX_TEAM - мебинем, ки модем разлочка(ҳаммаи симкартаҳоро мегирад) карда шуда аст ё не?
б) агар разлочка карда шуда бошад - ок. набошад бо барномаи Huawei_Modem_Unlocker ёки Huawei_Modem_Unlocker_S920_VodaShit, бо IMEI - дар модем навишта шуда NSK-кодро тайёр мекунем, баъд боз ба барномаи Huawei_Modem_Unlocker_v1.1_by_Micro-BOX_TEAM даромада NSK-кодро ба майдони холи дохил мекунем (хавотир нашавед хато намекунед, барои ки майдони холи дар ин барнома ҳаммагӣ якта аст ) ва ба тугмачаи UNLOCK зер мекунем.
|