Главная » Файлы » Барои донишҷӯён » Зоология

В категории материалов: 2
Показано материалов: 1-2

Сортировать по: Дате · Названию · Рейтингу · Комментариям · Загрузкам · Просмотрам

Сохт ва намуди рагхои хунгард

Рузи гузошташуда: 16.08.2012, 09:02 Муаллиф: Mc_Rauf Хонданд ва ба худ гирифтанд: 742 Тавзеххо: 0

Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Mc_Rauf
Формати мавод:
Гирифтанаш: Ройгон

Категорияи: Зоология

Хондан | Ба худ гирифтан

Тарзи инкишофи хашарот

Рузи гузошташуда: 16.08.2012, 08:59 Муаллиф: Mc_Rauf Хонданд ва ба худ гирифтанд: 1977 Тавзеххо: 0

Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Mc_Rauf
Формати мавод:
Гирифтанаш: Ройгон

Тарзи инкишофи ҳашарот 

Инкишоф ва тарзи шаклдигаркуниипурра. Агар баҳор ё тобистон ба растаниҳои салибгули саҳро ё обчакорӣ назар кунем, дар тарафи поении барги онҳо тӯдаи тухмҳои тиллорангро дидан мумкин аст. Онҳор шапалаки карамхӯр гузоштааст. 


Пас аз якчанд рӯз тухмҳо кирмакҳои майда мебароянд. Аз рӯи шаклҳои берунӣ онҳо ба шапалак монанд нестанд. Онҳо бадани кирмшакл доран. Ӯзвҳои даҳонашон хоянда буда, дар бадан 5 ҷуфт пои муваққатӣ доранд. Кирмакҳо барги растаниҳои салибгулро хӯрда, тез калон мешаванд ва якчанд маротиба пӯст мепартоянд. Пеш аз дарахтон, девори хонаҳо ҷой мегиранд. Дар инҷо онҳо ба зоча табдил меёбанд. Аз ҳисоби захира кардани моддаҳои ғизоӣ дар давраи кирмакӣ дар зери рӯйпӯши хитинии зоча тағирёбиимураккаб ба амал меояд. Зочаҳои шапалаки карамхӯр ва умуман зоча хурок намехӯранд. ҳаракат намекунанд. Аз зочаҳои зимистонро аз сар гузаронда дар фасли баҳор шапалак мебароянд. Модинаи шапалак баъди як чанд шабонарӯз аз зоча баромаданаш бордо шуда, дар барги растаниҳои салибгул тухм мемонанд. Ҳамин тариқ, шапалаки карамхӯран дар инкишофи худ чор давраро (фазаро) аз сар мегузаронанд: тухм-кирмак – зоча – шапалаки болиғ. Инкишоферо, ки дар он чор фасл давраро (фазаро) аз сар мегузаронанд. Дар ин гурӯҳи ҳашарот кирмина ба фарди болиғ монмнд нест. 
Ба ҳашароти шаклдигаркуниашон пурра – шапалакҳо, гамбусакҳо. Пашшаҳо. Магасҳо. замбӯри асал ва ғайраҳо дохил мешавад.Ҷой, вақти тухммони ва мӯҳлати инкишоф дар ҳашорот гуногун аст:гамбуски саври (расми 91)тухмашро дар хок ,пишшаи хонагӣ дар ҷойҳои ифлос ,шапалакҳои кирми себ дар ғӯраки себ мемонанд.Инкишофи кирминаи гамбуски саврӣ вобаста ба ҳарорат ду –се сол , инкишофи кирминаи пашшаи хонагӣ якчанд шабонаруз давом мекунад. 
Инкишоф ба тарзи шаклдигаркунии нопурра (нокомил). 
Инкишофи малах , ширинча ва дигар ҳашорот бо дигар роҳ ба амал меояд.Малахи нав аз тухм баромада аз рӯи чунин аломатҳояш ба волидайнаш монанд аст:шакли бадан,сохтиузвҳои даҳони,чашм,боли ибтидоӣ (расми 92)пас аз ҳар як пустпартои монандии кирминаи малах ба волидайн зиёд мешавад. 
Инкишофи ки дар он ҳашороти се давраро (фазоро)аз сар мегузаронанд (тухм-кирминаи ҳашороти болиғ)ва кирмина ба волидайнаш монанд аст,шаклдигаркунии нопурра ном дорад.Дар ин шакли инкишоф зоча пайдо намешавад. 

Ахмияти инкишоф ва шаклдигар кунӣ. Инкишоф бо роҳи шаклдигаркуни имконияти дар табиат боқӣ мондани ҳашоротро зиёд мекунад.Ҳашороти афзоиши шаклдигаркунии пуррадошта нисбатан бартарӣ доранд. Кирминаҳои онҳо баръакси волидайн дигар хурокҳоро истифода меьаранд ва дар муҳит зиндагӣ карда ғизоҳои пӯсида решаи растаниҳои ҷавон барги растаниҳоро мехӯранд.Фардҳои болиғ он дар дарахтони гулдорзиндагӣ карда,шаҳди гулро мехӯранд.Кирмина ё кирмаки шапалаки карамхӯр барги карам ё барги дигар растаниҳоисалибгулро мехӯрад, вале ғизои худи шапалак шаҳди гул аст. Гуногун будани уроки кирмина ва фардҳои болиғи ин ё он намуди ҳашорот рақобати байни онҳоро барои ғизо барҳам медиҳад. Гуноунии хӯроки ба ҳайвонот имконият медиҳат, ки захираи хӯроки муҳити зистро ҳарчи хубтар истифода баранд. 
Ба ғайр аз ин, ҳашароте, ки шаклдигаркунии пурраро аз сар мегузаронанд, шароити номусоиди муҳити зистро метавонанд дар як чор давраи (фазаи) инкишофашон паси сар кунанд. 

1. Инкишоф бо шаклдигаркунии пурра чӣ тавр ба амал меояд? 
2. Тафовути шаклдигаркунии нопурра аз шаклдигаркунии пурра дар чист? 
3. Ҳашароти кадом тарзи инкишоф батарии калон доранд ва барои чи? 

Ҷадвали зеринро хонапурӣ кунед: 

Тарзи инкишофи ҳашарот 
Тарзи инкишоф Номи ҳашарот Давраи (фазаи) инкишоф

Ба диккати шумо мерасонем

Сардори сомонаи www.Донишчу.рф Шуморо бо 1 июни рузи байналмилали кудакон табрик гуфта ва ба шумо рузхои рузи бехтаринро таманно дорам ....
 

Маводи бехтарин

 

Категорияи муваккатани

Забони тоҷикӣ [47]
Забони хориҷӣ [30]
Забони олмонӣ [0]
Физика [16]
Накша [0]
Информатика [72]
Асосҳои барномасозӣ [11]
Манбаи додашудаҳо [5]
Сиёсатшиносӣ [16]
Педагогика ва психология [6]
Фарҳангшиносӣ [17]
Назарияи иқтисоди [16]
Таърихи тоҷик [15]
Барномасозии офисӣ [11]
Сотсиология [3]
Анатомия [4]
Агроэкология [1]
Маркетинг [22]
Менеҷмент [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [0]
Фалсафа [4]
Ҳуқуқи молиявӣ [1]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [8]
Ҳуқуқи андоз [0]
Экология [1]
Презентатсия [38]
Китобҳо (Руссӣ Тоҷикӣ) [280]
Анатомия [2]
Ботаника [2]
Зоология [2]
Демография [1]
Математика [5]
Намунаи ҳуҷҷатҳо [13]
Экономика [1]
Медицина [0]
Иқтисоди миллӣ [2]
Бухгалтерия [3]
Эконометрика [0]
Табрикнома [4]
Панду андарз [17]
Иктисодиёти байналхалки [21]
Сотсиология [5]
Забони арабӣ [4]
География [9]
Асосхои Сохибкори [2]
Банакшагирии бизнес [2]
Конспексияи табиатшиносии муосир [2]
Иктисоди корхона [2]
 
Хостинг от uCoz