Дар васфи модар
Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 9708] Тавзеххо: 0
Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:
Аз сари пистони ту сар мешавад умри хама,
Аз сари дастони ту пайрохаи дури хама.
Аз дили ту сар шавад дарьёдили,
Кобили сурат шавад обу гиле.
Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,
Чунбиши гавхора ёд аз чархи даввор оварад.
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил ба сомон аст аз сомони ту.
Сузани ту аз сутуни касри тилло кимат аст,
Руи нуронии ту аз руи дуньё кимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар чахон,
Чои ту холи намонад дар чахон.
Cад чону дил фидои як муддаои модар,
Фатху кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дуньёи сахтгушон,
Ангезаест шояд аз аллахои модар!!!
Бӯи ҷону бӯи нону бӯи пистон,
Бӯи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бӯи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар.
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,
Офарин хонанд бар азму ба имони ту, модар.
Ишкам, умедам, хаётам туи, эй модаричон модарам,
Калбам, садоям, навоям туи, эй модаричон модарам,
Ширин забони, дармони чони, эй модаричон модарам,
Танхо бароям ту мехрубони, эй модаричон модарам,
Ту хушбахти зи кисмат хохари ман
Сарафрози дар олам додари ман.
Замин то осмон розиям аз ту
Ту аз ман рози рафти модари ман..
Аё модар туи бахти чавонам
Аё модар туи тахти равонам
Туи дард ошнову мехрубонам
Хамеша бо ту бошам бо ту монам
Муборак модараи чон рузи идат
Муборак бодхар субхи саидат.
Туи модар нигини зархали ман
Ту хам болини хам бистари ман
Надорам аз ту модар рози пинхон
Хамеша гамгусори дар барии ман
Муборак модараи чон рузи идат
Муборак бодхар субхи саидат.
Аё модар нидои туст бар хак
Аё модар ризои туст бар хак
Бароят тухфа аст ин шеъри садбарг
Ки чаннат зери пои туст бар хак.
Муборак модараи чон рузи идат
Муборак бодхар субхи саидат.
Вақти тифлӣ, вақти роҳ омӯхтан,
То наафтад, дошт ӯ аз домани ту.
То намонад дасту пои баста дар гаҳвора танҳо,
Дошт ӯ аз домани ту вақти ҷое рафтани ту.
Боз медорад зи домони ту, модар,
Гарчӣ акнун гурзбардоранд ӯро дастҳо.
Гарчӣ натвонӣ ту акнун роҳ гаштан по ба пояш,
Гарчӣ натвонӣ шуморидан қадаммонии ӯро.
Боз медорад зи домони ту, модар,
Кӯдаки бо ранҷҳо, бехобиҳо парвардаи ту.
Кӯдаке, ки як замоне чорпоя роҳ мерафт,
Ин замон соҳиб шуда бар зиндаю бар мурдаи ту.
Боз медорад зи домони ту, модар,
То нагирад доманат аз дасти ӯ дасти хатар...
Модар модаро ганчи бебахоям ту буди
Зи хар офату бало рохи рахоям ту буди
Хар катраи шири ту дарьёи беканорам шуд
Хар лавзи ширинат боми ду чахонам шуд
Аллахои шабхо гуфта хам киссаи ширинат
Аз чашмам наравад хеч шабхои бедориат
Модар бишав аз ман ризо ба амри парвардигор
Монда буди як руза ин писарро ту Ёдгор
Сари кабрат омадам бо ду зону нишастам
Ту зери хокию ман рози худ бигуфтам
Ба чой овард хохишатро он хохарат ай модар
Ба чойи ту модар шуд ба чонам буд баробар
Кадри бемодари надоштам то он ки холаам буд
Кадр дону мехрубон бачои модарам буд
Ту хам рафти холачон холи чойи модар шуд
Дуньё хама торик бар пеши назар шуд
Як дами ҷон костани модарон
Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шуълавари модарон
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.
Як сухани бонамаки модарон
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.
Як асари маслиҳати модарон
Беҳ зи ҳама доварии доварон.
Як ҳунари ҳамдамии модарон
Беҳ зи ҳама ҷодуи санъатгарон.
Як нафаси сӯхтани модарон
Беҳ зи ҳама сӯзи дили шоирон.
Як табусӯзи ҷигари модарон
Беҳ зи ҷигардории сарлашкарон.
Як мадади фотиҳаи модарон
Беҳ зи мададгории соҳибсарон.
Як қадами беалами модарон
Беҳ зи ҳама шаш ҷиҳати бекарон.
Пас ба қадамҳои шумо, модарон,
Хок шаванд аз ҳама волотарон.
Пас ба қадамҳои шумо, модарон,
Кавну макон бод фидо, модарон!
Аз кух баромад офтоби сахари,
Эй Модричон дар назарам чилвагари.
Дар даст асо нишастаи пайгахи дар,
Бо дидаи чор интизори писари.
Модар.... чихел калимаи ширин ва дилагез аст.Вактеки Модар мегуем тамоми баданамону рухамонро як ехсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он халоват мебарем.
Модар ба мисли замин якто аст ва мухабати у барои мо фарзандон беканора ва човидона аст.
Як шаба ранче , ки Модар кашид
Бо ду чахонаш натавон баркашид.
Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳои чашм мепушам ва садои хандаҳоят ба гуш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомуш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар,чи гуна суханҳое бароят бигуям то ту дар наздам ҳозир шави ва туро оғуш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чи қадар вазнин, чи қадар мушкил ин дури аз ту, туро ёд кардам.
Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавчҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту рози дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро пиҳил карди. Эй чаннати Парвардигор дар руи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизоди, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехоби кашиди, ду чуйбори ширатро аз ман дареғ надошти. Туро ёд кардам модар ту мисли гул ҳасти, ки аз буи хушат чаҳон муаттар аст. Аё модар! Туро ёд кардам, аз ин дури дилам шикаста аст мисли намози мусофир. ТИФЛИВУ ДОМОНИ МОДАР ХУШ БИХИШТЕ БУДААСТ,
МО БА ПОИ ХУД РАВОН ГАШТЕМУ САРГАРДОН ШУДЕМ.
.............................................................................
Аз сари пистони ту сар мешавад умри хама,
Аз сари дастони ту пайрохаи дури хама.
Аз дили ту сар шавад дарьёдили,
Кобили сурат шавад обу гиле.
Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,
Чунбиши гавхора ёд аз чархи даввор оварад.
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил ба сомон аст аз сомони ту.
Сузани ту аз сутуни касри тилло кимат аст,
Руи нуронии ту аз руи дуньё кимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар чахон,
Чои ту холи намонад дар чахон.
Модар,модар ба ҷон баробар модар,
Дубора нашуд ба кас муяссар модар.
Нолам зи ғамат,хок бар сар гирам,
Кошке бимирам дар пеши пои модар.
Bihisht,ki rizoi modaronast,
Dar zeri qudumi Modaronast. Bale Modar qimatarin nemati dunyo,Sarchashmai muhabati bekanor,himatbalandtarin shakhsi bashar ast.Kanori modar khud maktadi avvalini hayoti most.Misli ogushi modar bihishtoso makoni digare nest.Modar misli zamin tanho va yaktost.Modar dar hama holat ch hoziru ch goib payvasta dar yodi farzand hast.Az dast raftani Modar baroi farzand fojeai khelo garon ast;
Modar,modar, kasi bahimmat boshad,
Didori sharifi u ganimat boshad.
Az makhzani pandi on bigir arzoni,
Fardo ch kuni,ki ganji qimat boshad.
Ore, davlati farzandon modar ast.Zindagi khud sher ast,ki bo allai modar ibtido girifta, bo nomi on khotima meyobad.Har farzande,ki qimati modarro donad bo duoyash khushbakhtu shuhratyor megardad.
Sad jonu dil fidoi yak muddaoi modar,
Fathu kushoish orad dasti duoi modar.
Khra bar on kasonam k-az kheshtan rizoyand,
Yak bor noshunida harfi rizoi modar
Az sarvatu zi shuhrat gar bar falak zana sar,
Tazim mekuna boz dar peshi poi Modar,
Zihi,Modar,ba chunin qudratu matonat, ehsonu jasorat va mehru sadoqati bekanor,ki buzurgoni olam dar peshat sar furud meorand...
РУБОӢ ВА ДУБАЙТИҲО
Бар мадфани модарам чу гул бигзорам,
Ман мӯи сафеди хешро бишморам.
Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад,
Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.
* * *
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
* * *
Як мушт зи хоки модари хушназарам,
Мушти дигаре зи хоки поки падарам
Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд
Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.
* * *
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.
* * *
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.
* * *
Модар, модар, чаро чунин зодҳ маро?
Дар чорсуи азоб раҳ додҳ маро?
Аз синаи гарми хеш берун кардҳ,
Дар синаи сарди хок бинҳодҳ маро.
* * *
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд,
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.
* * *
Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
* * *
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.
* * *
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.
* * *
Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?
* * *
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.
* * *
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.
* * *
Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?
* * *
Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.
* * *
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!
* * *
Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман,
Худои умри ман, пайғамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имрӯз
Биё аз гӯру биншин бар сари ман.
Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!
Дар инчо ройгон бахуд гирифтан
- АРИЗА
- Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар даврони истиқлолият
- Асосхои хукукии коргузори
- Протоколи IP, Ipv4, Ipv6 - лоихаи курси
- Китоби Зоология 7
- Финансовое право (Практикум)-Гирев В.Н.
- Китоби Касбу ҳунар қисми 1 Синфи 6
- Европейский Союз: международная организация или конфедерация?
- Исполнительное производство в арбитражном продцессу
- Гражданское процессуальное право (Рабочий учебник, ч.2)