МЕНЕЧМЕНТИ НАВОВАРИХО

Санаи гузошташуда: 26.03.2013 Муаллиф: Mc_Rauf Хонданд ва ба худ гирифтанд: 4352] Тавзеххо: 1

МЕНЕЧМЕНТИ НАВОВАРИХО

Андозаи мавод: (24.3 Kb)
Муаллиф: Mc_Rauf
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:

МЕНЕЧМЕНТИ НАВОВАРИХО

Накша:

  1. .Мохият ва максади навоварихо
  2. Технология тасниф ва таракиети он
  3. Хусусиятхои натичаи навоварихо
  4. Идоракунии навоварихо дар корхона 

Мохият ва максади навоварихо

 

Яке аз масъалахои мухимтарини иктисодиёти чумхурй дар даврони муосир - ин баланд бардоштани ракобатпазирии корхонаву ташкилотхои ватанй дар асоси дар истехсолот чорй намудани технологияхои навтарин мебошад. Аз ин сабаб, дастрас будани технологияхои пешкадам ба корхонахои шакли моликияташон гуногун зарурати вокей аст.

Бо ибораи дигар, дар шароити кунунй бояд рохбарону менечерон дар чараёни фаъолияти хочагидорй ба дастовардхои пешрафти илмй-техникй такя намоянд.

Пешрафти илмй-техникиро, ки дар тамоми ч,ахон ба сифати омили мухимтарини таракиёти иктисодиёт мешиносанд, аксари муаллифони адабиёти иктисодй бо мафхуми чараёни навоварихо пайваст медонаид. ,Тавре ки иктисодшиноси амрикой Чеймс Брайт изхор доштааст, чараёни навоварихо ягона чараёнест, ки дар худ илм, техника, иктисодиёт, сохибкорй ва идоракуниро муттахид месозад. Максади ин чараён ба даст овардани навоварй аст ва он аз тавлиди фикру андеша то татбики тичоратии онро дар бар мегирад. Бо ибораи дигар, ин чараён хамаи муносибатхо - истехсол, мубодила ва истеъмолро фарогир аст.

Дар мамолики Гарб навоварихоро бо мафхуми «инноватсия» ифода мекунанд, ки маънои фикр, акида ва ё гояи нав ва дар истехсолот татбик намудани онро дорад.

Дар низоми менечмент одатан навоварихо хамчун омили самарабахши истехсолй ба хисоб мераванд.

Навоварихо бояд аломат ва ё нишонаи нави фарккунанда дошта, ба талаботи истеъмолгарон чавобгу бошанд ва ба корхонахо барои ба даст овардани фоида мусоидат намоянд.

Ба акидаи олими амрикой Никсон, навоварй - ин мачмуи чорабинихои техники, истехсолй ва тичоратй аст, ки барои дар бозор пайдо гаштани чараёнхои наву бехтарини саноатй ва тачхизот мусоидат мекунад.

Олими австриягй Йозеф Шумпетер бошад, онро хамчун тагйирот бо максади татбик ва истифодаи намудхои нави молхои истеъмолй, воситахон нави истехсолй ва наклиётй, бозорхо ва _шаклхои нави ташкили саноат маънидод кардааст. У панч намуди дигаргунихоро дар корхона зикр кардааст, ки инхоянд:

                     истифодаи техника ва чараёнхои нави технологи;

                     тавлиди махсулот бо сифати нав;

                     тагйирот дар ташкили истехсолот ва таъминоти моддй-техникии он;

                     пайдоиши бозорхои нав дар хариду фуруши махсулот.

Вокеан навоварй ин як мехнати зехнии инсон буда, он дар шакли фикру акидахои нав дойр ба истехсоли махсулот, чорй намудани дастовардхои бехтари илму

техника ва татбики амалии онхо дар истехсолоти муосир мебошад.

Барой идоракунии самараноки навоварихо ба менечерон омузиши амики онхо зарур аст. Менечерон бояд тафовути байни навоварихоро аз тагйироти ночизи техники ё намуди зохирии махсулот дуруст муайян намояд, зеро баъзан дигаргун шудани шакл ва ё ранги махсулот хамчун навоварй кабул мешвад, ки ин иштибох аст. Ба навоварихо танхо аз руи аломатхои технологи ва конеъ намудани талаботи нави истеъмолгарони молу хадамот дар бозор бахо додан мумкин аст.

Бо назардошти фаъолияти хочагй навоварихо ба намудхои зерин чудо мешаванд:

                     навоварихои технологй;

                     навоварихои истехсолй;

                     навоварихои иктисодй;

                     навоварихои тичоратй;

                     навоварихои ичтимой;

                     навоварихо дар идоракунй.

                      

 Технология: тасниф ва тамоили таракиёти он

Технология ва чараёни технологй ба катори мафхумхои асосии менечменти навоварихо дохил мешаванд.

Технология сохахои гуногуни иктисодиёт, сиёсат ва идоракуниро фаро гирифта, максад, принсипхо ва халли вазифахои чамъият, минтакахои алохида ва умуман тамаддунро мушаххас мегардонад.

Мафхуми «технология» аз калимаи юнонй («технос») гирифта шуда, маънои санъат, малака, махорат, мантик ва умуман мачмуи тарзу воситахои коркарди мухити гуногунро дорад.

Нуктаи назари умумй ба предмети тадкикоти технология ба васеъ шудани намудхои мухити коркард мусоидат намуд. Дар натича ба мухити коркард на танхо захирахои моддй (маъдан, махсулоти кимиёвй, махсулоти растанй, ашёи минералй, махсулоти коркарди истехсолоти хочагии кишлок), балки захирахои гайримоддй (иттилоот, лоихахои илмй, санъат, конунгузорй, идоракунй, хадамоти молиявию бимавй ва г.) низ дохил шуданд.

Вазифаи технология аз муайян намудани конуниятхои гуногуни (чисмонй, кимиёвй, механикй, тичоратй, ичтимой, экологй ва г.) аз як намуд ба намуди дигар тагйир додани мухити коркардшаванда бо максади истифодаи васеи он дар тачрибаи чараёнхои самараноки истехсолй иборат мебошад. Ифода кардани тамоили онхо имконият медихад, ки тараккиёти технология ва истехсолот пешгуй карда шавад.

Аксар вакт амалиёти истихроч, коркард, боркашонй, нигахдорй, андухт, фуруш ва гайраро низ технология меноманд.

Дар натичаи амалй намудани чараёни технологй, ки аз мачмуи амалиёти технологй иборат аст, тагйирёбии сифатии мухити коркардшаванда, шакли он, аломатхои моддй ва истеъмолии он ба миён меояд.

Аз ин ру, мазмуни нисбатан умумии технология дар менечменти навоварихо - ин мачмуи тарзу воситахои коркарди мухити гуногун аст.

Мафхуми технологияро аксар вакт дар алокамандй бо сохаи мушаххаси истехсолот истифода мебаранд.

Одатан намудхои зерини технологияро фарк мекунанд:

                     технологияи сохтмон;

                     технологияи кимиё;

                     технологияи ба даст овардани махсулоти мушаххас;

                     технологиям лоихакашй;

                     технологияи ичтимой;

                     технологияи коркарди иттилоот;

                     технологияи нашри пул;

                     технологияи фаъолияти бонкй ва бимавй;

                     технологияи идоракунй ва гайра.

Дар хамаи зинахои идоракунии корхонаи мушаххас технология ба намудхои амалй (объективй) ва илмию назариявй (субъективй) кисмат мешавад. Бо технологияи амалй технологияи илмй ва дар навбати худ бо технологияи илмй технологияи назариявй робитаи хеле зич доранд.

Технологияи амалй мачмуи чараён ва амалиёт оиди ташаккули намуди муайяни арзиши истеъмолй аст, ки дар тачриба истифода мешавад. Ин намуди технологияро тасаввур кардан, тасвир намудан мумкин аст.

Вазифахои технологияи амалкунанда вобаста ба шароити фаъолият тагйир меёбанд. Ба вазифахои асосии технология дар сохаи истехсолоти моддй инхо дохил мешаванд: дарёфт ва амалй намудани воситахои интенсификатсияи чараёни технологи; назорати воситахои технологии истехсолот; дигаргункунии шароити истехсолот; омода сохтани истехсолот ба тавлиди молхои нав ва ё босифаттар.

Нишонахои хоси технологияи амалй чунинанд:

                     пуёгй;

                     мушаххасй;

                     бомантикй (пайдархамии катъии амалу харакатхо).

Технологияи илмй тачрибаи ташаккули арзиши истеъмолиро меомузад. Предмети омузиши он чараёнхои хамкории воситахои мехнат, предмети мехнат ва мухити берунй мебошад.

Вазифахои асосии технология дар сохаи истехсолоти моддй инхоянд: омузиши конуниятхои чараёни мубаддалшавии предмети мехнат ба махсулот; дарёфти воситахои пешкадами таъсиррасонй ба предмети мехнат, назорати он; коркарди тадбирхо оиди химояи мухити зист; интихоб ва лоихагирии технологияи амалии самаранок ва безарар.

Технологияи назариявй диалектикаи технология ва истифодаи конунхои тараккиёти чамъиятро барои дигаргун намудани хаёти моддй ва маънавии инсон меомузад. Предмети омузиши он - чараёнхои инкишофи фаъолияти маърифатии инсон аст.

Вазифахои асосии ин намуди технология чунинанд: дарк намудани конунхои хамкории инсон ва табиат; омузиши имконот ва шароити истифодаи амалии конуну конуниятхои даркшуда; коркард, асоснок намудан ва озмоиши чараёнхои нави технологй.

Вобаста бо таракиёти илму техника технологияхо низ нав мешаванд. Тамоили асосии инкишофи технологияхои истехсолиро дар замони муосирро се самти мухим ташкил медиханд:

                     гузариш аз технологияхои сиклй ба технологияхои бефосилаи чараёни истехсолй хамчун нисбатан самаранок ва сарфанок;

                     чорй намудани чараёнхои технологии бепартов дар таркиби истехсолот;

                     баланд шудани сатхи технологияхои нисбатан илмталаб.

Дар нимаи дуюми асри XX як катор технологияхои нав пайдо гаштанд: биотехнология, технологияи махсулоти сунъй, технологияи лазерй, ядрой, кайхонй ва окибат технологияи иттилоотй.

Умуман, дар корхонахо чорй намудани технологияи нав чараёни хеле душвор ва мураккаб мебошад. Вале, новобаста аз ин гуфтахо, ракобатпазирии корхонахо дар бозори молу хадамот пеш аз хама бо чорй намудани тарзу воситахои навтарини истехсоли махсулоти баландсифат вобастагй дорад.

 

Хусусиятхои натичаи навоварихо

 

Дар чараёни фаъолияти навоварй фикру андещахои нав тавлид мешаванд, махсулот ва чараёнхои технологии наву такмилёфта пайдо мегарданд, шаклхои нави ташкил ва идораи сохахои мухталифи иктисодиёт ва сохторхои он зухур меёбанд.

Натичаи навоварихо дар намуди махсулоти нав ифода меёбанд, ки метавонанд шакли моли ва гайримолй дошта бошанд.

Созандагони навоварихо барои махсулоти хеш дорой хукуки муаллиф мегарданд. Мафхуми хукукй, ба монанди моликияти зехнй пайдо мегардад. Мафхуми мазкур дар Конвенсияе, ки соли 1967 Созмони чахонии моликияти зехниро таъсис додааст, нишон дода шудааст. Вазифаи асосии ин Созмон мусоидат барои химояи моликияти зехнй мебошад. Дар Чумхурии Точикистон химояи моликияти зехниро Конститутсияи чумхурй кафолат медихад.

Махсулоти навовариро бояд нишонаи хос дошта бошанд. Дар Кодекси Гражданин Чумхурии Точикистон чунин воситаи фарккунандаи махсулот - аломати молй нишон дода шудааст.

Аломати молй - ин нишонахое мебошанд, ки тавассути онх,о молу хадамоти як шахси хукукй ва ё вокеиро аз молу хадамоти шахси хукукй ва ё вокеии дигар фарк, карда мешаванд.

ХУКУКИ истифодаи аломати молиро тавассути бакайдгирии он сохиб шудан мумкин аст. Дар тамоми чахон аломатхои молй барои истехсолгарон, фурушандагон ва истеъмолгарон накши мухим мебозанд. Онхо нишон медиханд, ки барои моли муайян кй масъулиятро ба душ дорад.

Махсулоти якхеларо метавонанд истехсолгарони гуногун тавлид созанд ва онхоро фурушандагони мухталиф пахн намоянд. Айни замон, хам истехсолгарон ва хам истеъмолгарон метавонанд, ки аломати молии худро дошта бошанд. Махз аломати молй ба чараёни интихоби ин ё он мол аз чониби харидорон таъсир мерасонад. Агар харидорон аз моли харидаашон каноатманд гарданд, пас дар оянда ба ин аломати молй боварй зохир мекунанд.

Аломати молй вазифахои зеринро ичро мекунад: ба интихоби мол таъсири назаррас дорад; мавчудияти сифати зарурии молро нишон медихад; як молро аз молхои дигар истехсолгарон чудо менамояд; ба истехсолгарон имкон медихад, ки ки дар бозори истеъмолй мавкеи муайянро сохиб бошанд.

Аломати молй ба таркиби активхои гайримоддии корхона шомил буда, предмети шартномаи чавозномагй ва объекти хифзи моликияти зехнй мебошад.

Натичаи дигари фаъолияти навоварихо «ноу-хау» (медонам-чй тавр), ки дониш, малака, тачриба, маълумоти техникй, иктисодй, маъмурй, молиявй

мебошанд, ки дорандааш онхоро кисман ва ё пурра хамчун сир нигох, медорад. Истифодаи «ноу-хау» ба шахсе, ки онро дастрас намудаааст, афзалият ва фоидаи тичоратиро таъмин месозад.

Дониш ва чараёнхои технологии патентдор, тачрибаи амалй, усул, тарз ва малакаи тархрезй, сохтмон ва истехсоли махсулот, гузаронидани тадкик,отхои илмй ва кашфиёт, таркиб ва усули тайёркунии мавод ва тачриба дар сохахои маркетинг, идоракунй, иктисодиёт, молия ва г. мисолхои «ноу-хау» буда метавонанд.

Хукук ба кашфиёт, аломатхои молй ва дигар натичахои фаъолияти навоварихо бо воситаи чавознома ба расмият дароварда мешавад ва ба сохиби онхо патент дода мешавад.

Натичахои моддии фаъолияти навоварй дар шакли мошин, тачхизот, дастгоххои нав ифода меёбанд.

Ба самаранокии фаъолияти навоварихо тавассути ракобатпазирии махсулоти нав дар бозори дохилй ва берунии мамлакат бахо додан мумкин аст.

Тахвили технологияхо метавонанд хам дар худуди як мамлакат ва хам дар сатхи байналхалкй сурат гирад.

Савдои чавозномахо яке аз шаклхои асосии савдои байналхалкй мебошад. Вай шартномахои «ноу-хау» ва патентхо оиди кашфиётро дар бар мегирад.

Яке аз омилхои рушди босуръати савдои чавозномахо сатхи баланди даромаднокии ин амалиёт мебошад. Сабаб дар он аст, ки дар ин намуди савдо дарачаи таваккали тичоратй нисбатан паст аст.

Асоси савдои байналхалкии чавозномахо ва «ноу- хау»-ро фаъолияти патентии мамолики содиркунандаи технология ташкил медихад. Мавкеи асосиро дар патентгирии ихтироот мамолики мутараккии саноатй сохибанд. Чойи аввалро аз руи микдори гирифтани патентхо Ч,опон, дуюмро - ИМА ишгол мекунанд.

 

Идоракунии навоварихо дар корхона

 

Менечменти навоварихо максади пайдо намудани роххои навтарини халли масъалахо, масалан, пеш бурдани ихтироъкорй ва чорй кардани он дар истехсолот, гузаронидани корхои илмй-тадкикотй ва тачрибавй-конструкторй (КИТТК), ба бозор баровардани махсулоти нав ва мавкеи устувор пайдо намудан дар бозорхои навро бо рохи такмили доимии технологияхо ва баланд бардоштани ракобатпазирии мах,сулотро дар назар дорад.

Барой ноил гаштан ба ин максадх,о рохбарияти корхона бояд чунин вазифахрро халлу фасл намоянд:

                     тадк,ики бозор барои махсулоти нав (талабот ва холати бозор, хохиши истеъмолгарон, интихоби сегменти бозор ва f.);

                     ояндабинии фаъолият, хусусият ва мархилахои давраи бозордоштии махсулоти нав;

                     муайян намудани воситахои фуруши махсулоти нав;

                     тадкики вазъи бозори манобеъ:

                     тахлили арзиши аслии махсулот, нарх, хачми истехсол ва фуруши махсулоти нав;

                     баходихй ба сатхи самаранокии навоварихо, хамчун омили мухим барои асоснок намудани лоихахои сармоягузорй.

Барои таъмини самаранокии навоварихо дар корхона рохбарияти он бояд принсипхои зеринро сармашки кори худ кунанд:

                     фарохам овардани мухите, ки чустучу ва татбики навоварихоро хавасманд месозад;

                     нигарондани чараёни навоварй ба манфиати истеъмолгарони махсулот ва хадамот;

                     муайян намудани самтхои афзалиятдори фаъолияти навоварй бо назардошти максад ва вазифахои корхона;

                     ихтисори зинахои идоракунй бо максади суръат бахшидан ба раванди «такикот- истехсолот - фуруш»;

                     то хадди имкон кам намудани мухлати коркард ва татбики навоварихо.

Дар охир, корхонахое, ки мехоханд дар бозор накши назаррасро дошта бошнад, бояд холату тагйироти мухити дохилй ва берунй, бахусус амали ракибонро хамачониба тахкик намояд ва фаъолияти хешро ба талаботи замона мутобик, гардонад.

Барой он ки корхона самаранок фаъолият намояд ва эхтиёчоти истеъмолгаронро комилан конеъ намояд, зарур аст, ки мудирияти он доимо дар чустучуи роху усулхои нави ба даст овардани мавкеи худ дар бозор, такмили тачхизоту технология ва истифодаи он дар истехсолот бошанд. Бо ибораи дигар, бояд мунтазам дар фаъолияти истехсолй ва ё хизматрасонии худ дастовардхои навтарини илму техникаи муосирро татбик намоянд.

Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!

Боркуни аз LetitBit.net Боркуни аз TurboBit.net Боркуни аз DepositFiles.com

Арза кардан

Категорияи: Менеҷмент

Баргаштан
Хамаги тавзеххо: 0
avatar

Ба диккати шумо мерасонем

Сардори сомонаи www.Донишчу.рф Шуморо бо 1 июни рузи байналмилали кудакон табрик гуфта ва ба шумо рузхои рузи бехтаринро таманно дорам ....
 

Маводи бехтарин

 

Категорияи муваккатани

Забони тоҷикӣ [47]
Забони хориҷӣ [30]
Забони олмонӣ [0]
Физика [16]
Накша [0]
Информатика [72]
Асосҳои барномасозӣ [11]
Манбаи додашудаҳо [5]
Сиёсатшиносӣ [16]
Педагогика ва психология [6]
Фарҳангшиносӣ [17]
Назарияи иқтисоди [16]
Таърихи тоҷик [15]
Барномасозии офисӣ [11]
Сотсиология [3]
Анатомия [4]
Агроэкология [1]
Маркетинг [22]
Менеҷмент [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [0]
Фалсафа [4]
Ҳуқуқи молиявӣ [1]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [8]
Ҳуқуқи андоз [0]
Экология [1]
Презентатсия [38]
Китобҳо (Руссӣ Тоҷикӣ) [280]
Анатомия [2]
Ботаника [2]
Зоология [2]
Демография [1]
Математика [5]
Намунаи ҳуҷҷатҳо [13]
Экономика [1]
Медицина [0]
Иқтисоди миллӣ [2]
Бухгалтерия [3]
Эконометрика [0]
Табрикнома [4]
Панду андарз [17]
Иктисодиёти байналхалки [21]
Сотсиология [5]
Забони арабӣ [4]
География [9]
Асосхои Сохибкори [2]
Банакшагирии бизнес [2]
Конспексияи табиатшиносии муосир [2]
Иктисоди корхона [2]
 
Хостинг от uCoz