Панду андарз
Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 1489] Тавзеххо: 0
Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:
Аз ҳакиме пурсидаанд:
Одамро чӣ заруртар аст?
Гуфт: Ақл
Гуфтанд: Агар он ноқис бошад?
Гуфт: Адаб
Гуфтанд: Гар аз он ҳам бебаҳра бошад?
Гуфт: Пас, мурдан илоҷи ўст.
***
Илм дар хурдӣ, нақш бар санг аст.
Мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб.
***
Ақлу давлат қарини якдигаранд.
Ҳар киро ақл нест, давлат нест.
Саъдӣ
***
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Ҷалолиддини Румӣ
***
Шунидам, ки бошад забони сухан,
Чу алмоси буррону теғи кўҳан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сўрох бурун оварад морро.
Абўшакури Балхӣ
***
Тарҷумони дил аст нутқу забон,
Марзбони тан асту суду зиён.
Абулмаҷди Саноӣ
***
Донӣ, ки сухандон кӣ бувад? Он ки бидонад,
Бадро зи накў боз накўро зи накўтар,
***
Боядат мансаби баланд бикўш,
То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
***
Ҳеҷ алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба ватан нест.
Афлотун
***
Ҳар киро ҳубби ватан нест, номус не.
Вар киро номус нест, саодат не.
***
Бикун некию дар дарёш андоз,
Ки рўзе дар канорат оварад боз.
Фахриддини Гургонӣ
***
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор.
Саъдӣ
Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!
- ТРУДОВОЕ ПРАВО-Л.А. Сыроватская
- Наслҳои меҳ ва пайдоиши ӯ
- Внешнеэкономические сделки
- Протоколи IP, Ipv4, Ipv6 - лоихаи курси
- Чуркуни ва настройкаи AGAVA Firewall - кори курси
- Гражданское право. Часть первая (конспект лекций).
- Хокимияти конунгузори дар низоми идоракунии давлати
- Авасто
- Китоби Информатика 10
- ПРЕДУПРЕЖДЕНИЕ ГРУППОВОЙ ПРЕСТУПНОСТИ НЕСОВЕРШЕННОЛЕТНИХ