Абуабдуллох Рудаки
Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 3555] Тавзеххо: 0
Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:
Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (858-941)
Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.
(Низомии Арӯзии Самарқандӣ)
Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ на танҳо бузургтарин шоири давраи Сомониён, балки нахустин ва бузургтарин шоири Эронзамин ва падари шеъри форсӣ аст. Мақоми Рӯдакӣ дар шеъру адаби форсӣ то бад-он ҷоест, ки дигар шоирон ва бузургон бартарӣ ва баландии пойгоҳи ӯро дар шеъру шоирӣ сутуда ва вайро "султони шоирон” ва "устоди шоирони ҷаҳон” номидаанд ва Шаҳиди Балхӣ суханашро "тилви нубӣ” (пайрави қуръон) хондааст:
Ба сухан монад шеъри шуаро,
Рӯдакиро сухани тилви нубист.
Таърихи ҳазорусадсолаи адабиёти навини тоҷик, ки давоми бевоситаи адабиёти қадими он аст, бо номи асосгузори он устод Рӯдакӣ вобаста мебошад. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории қофиласодори назми форс, соҳибкирони шоирӣ, устоди шоирон, султони шоирон ва одамушшуаро ёд мекунанд. Дар давоми ёздаҳ асри мавҷудияти адабиёти тоҷику форс анъанаҳои Рӯдакӣ ҳамеша зиндаву ҷовидон буданд. Имрӯз ҳам шӯҳрат, манзалат ва эҳтироми устод Рӯдакӣ оламгир аст.
Соли 858 дар яке аз деҳаҳои зебоманзари води Зарафшон Панҷрӯд, ки маркази ҷамоати Рӯдак буд, модари хушбахте писаре зод, ки номи ӯро Ҷаъфар ниҳоданд. Бо мурури замон ва гузашти айём ин кӯдак ба дараҷаи бузургтарин мардони номвари ҷаҳонӣ шинохта шуд. Номи пурраи Рӯдакӣ ва падару бобоёни ӯ чунин аст: Абӯабдулло Ҷаъфар ибни Мухаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам.Ҷаъфар номи аслии ӯст, ки падару модар ба вай ин номро гузоштаанл. Абӯабдулло номи эҳтиромии ӯст. Ин гуна ном барои одамони баобрӯ, хусусан олимону шоирон баъди ба камол расидан ва шӯҳрат ёфтани онҳо гузошта мешуд. Сабаб он буд, ки мардум якнома гирифтани номи одамони соҳибэҳтиромро аз рӯи одоб намедонистанд. Муҳаммад номи падари Ҷаъфар буд, Ҳаким ва Абдураҳмону Одам бобокалонҳои Ҷаъфар буданд. Рӯдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи зебои дурдасти худ Рӯдак гирифтааст.
Ноҳияи Рӯдакӣ дар асри X ҷамоатҳои Ворӯ, Рӯдакӣ ва Колхозчиёни имрӯзаро фаро гирифта, дар маркази худ қалъаи мирнишин, чанд мактаб ва мадрасачае дошт. Падари Рӯдакӣ, ки аз табақаи боимтиёз ва шахсони обрӯманди ноҳия буд, ба тарбияи фарзанди зақоватмандаш аҳамияти зиёд медод. Аз ин рӯ, Ҷаъфар дар зодгоҳи худ маълумоти муаяне мегирад.
Рӯдакӣ аз хурдӣ осори истеъдод зоҳир мекунад. Ӯ "чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қурьон тамоман ҳифз кард ва қироат биомӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва маонии дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд” (Муҳаммад Авфӣ). Аз ин хабар маълум мешавад, ки Рӯдакӣ дар бачагӣ саводи комил бароварда, ҳанӯз аз ҳаштсолагӣ шеърҳои пурмаънои аҷоибе мегуфтааст, мардум онҳоро меписандидаанд. Маҳз ҳамим писанду мақбули халқ афтодан дили Рӯдакиро ба гуфтани шеър гарм мекунад.
Ҷаъфари хурдсол дар баробари ақли расо, зеҳни гиро ва хотираи тавоно овози хуш ва савти дилкаше дошт. Ба ин сабаб ӯ дар пайи мутрибӣ меафтад. Вай даставвал ин ҳунарро аз созандагону навозандагони халқ меомӯзад. Дере нагузашта ин ҷавони ташнаи дониш роҳи Самарқандро пеш мегирад. Baй дар мадрасаҳои Самарқанд илмҳои замони ,худро меомӯзад. Аз осори боқимондаи ӯ маълум мегардад, ки ӯ ба ғайр аз забони арабӣ илми балоғат ва луғат, дар мадраса ё пеши устодони хусусӣ фалсафа, ҳикмат, таърих, фиқҳ (қонуншиносӣ), риёзиёт (математика) ва нуҷум (астрономия)-ро ба дараҷаи аъло аз худ карда будааст. Маснавии Даврони офтоби Рӯдакӣ оид ба илми нуҷум баҳс мекунад. Маҳз дар Самарқанд истеъдоди мутрибии Рӯдакӣ диққати устоди ҳунари мусиқӣ Абулаббоси Бахтиёрро ба худ ҷалб менамояд. Ӯ чанд сол таҳти тарбияи ин устоди омӯзгор навохтани ӯду рӯд, барбату чанг ва танбӯру найро машқ карда, дар мутрибӣ ва ромишгарӣ моҳир мешавад. Худи Рӯдакӣ чандин бор ба мусиқидониаш ишора мекунад:
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
Истеъдоди шоирии Рӯдакӣ низ дар ин айём камол меёбад. Шӯҳрати ӯ дар гӯшаю канорҳои кишвар паҳн мегардад. Рӯдакии суханвар ва ромишгар зиндагии серу пур ва сафобахш дошт.
Рӯдакиро даставвал ба дарбори Насри I Сомонӣ, ки солҳои 864-892 ҳокими Самарқанд буд, мекашанд. Ӯ ҳамчунин дар манзилҳои деҳқонон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндагӣ, навозандагӣ ва шоирӣ машғул мешавад. Аммо ин вобастагии Рӯдакӣ бо он даргоҳҳо доимӣ набуд. Ӯ вақти худро бештар дар маҷлисҳо ва маҳфилҳои адабию илмӣ мегузаронд. Баъди ин Рӯдакӣ бо ташаббуси Абулфазли Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро, ба пойтахти Сомониён даъват шуд. Рӯдакӣ дар он замоне, ки авҷи болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Зеро Сомониён дар сари ин ҳаракат истода, ба эҳёи фарҳанг ва расму одат ва муқаддасоти мардум мусоидат мекарданд. Иштироки Рӯдакӣ дар ин ҳаракат айни муддао буд.
Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил (907-914) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад. Бинобар ҳамим худи Рӯдакӣ мегӯяд:
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ.
Варо бузургию неъмат зи оли Сомон буд.
Насри I-и Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Насри II Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонад. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст.
Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Дар назди шахсияти ӯ амир ва вазиронаш сари таъзим хам мекарданд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд. Инро аз гуфтаҳои худи Рӯдакӣ, шоири асри XI Унсурӣ ва Муҳаммад Авфӣ (асри XIII) фаҳмидан мумкин аст. Шӯҳрати Рӯдакӣ дар суханварӣ ба дараҷае буд, ки Абулфазлӣ Балъамӣ, ки аз сарпарастони устод Рӯдакӣ буд, гуфтааст: Дар Анаму Араб мисли Рӯдакӣ шоире нест.
Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд.
Далелҳои зиёди таърихӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳанд. Боре Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиати он чор сол он ҷо монд, пойтахти худ шаҳри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Саркардаҳо хоҳиши худро ба амир маъқул карда наметавонистанд. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард. Пагоҳонӣ, вақте ки амир хумори шабонаро мебаровард,он суруди пур аз нишоту шодмониро бо чанг дар пардаи Ушшоқ capoид:
Бӯи ҷуй Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои он
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ!
Шоҳ сӯят меҳмон ояд ҳаме.
Шоҳ моҳ асту Бухоро осмон.
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме!
Шоҳ сарв асту Бухоро бӯстон.
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме!
Аз таъсири шеъри олӣ, овози хуш ва нолаи ҷонбахши чанги Рӯдакӣ Наср чунон мафтун гардид, ки мӯзаро напӯшида савори асп шуд ва бо дарбориёну лашкариёни худ роҳи Бухороро пеш гирифт. Рӯдакӣ низ бо ғуломон ва амволи зиёди худ, ки аз чаҳорсад шутур ва дусад ғулом иборат буд, ба Бухоро баргашт.
Ба ҳамин минвол замони камолоти эҷодии Рӯдакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хосса гурӯҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шӯҳрати тамом ёфта буд. Ин шӯҳрат ва нуфузи шоир хусусан дар замони калонсолӣ ва пирии ӯ афзун гардид. Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рӯдакӣ аз ҷумла дар қасидаи Модари май ишораҳо дорад. Вале ранҷу азобҳои Рӯдакӣ дар ин айем бо кулфатҳои табиии пирӣ маҳдуд намешуд. Зеро хонадони сомонӣ дар аввали ҳукмронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 cap карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти карматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Насри ибни Аҳмад (914- 943) таассуб ва хурофоти мазҳабӣ хеле боло рафт. Бисёр одамони равшанфикро бо тӯҳмати карматӣ будан ба ҷазоҳо гирифтор карда мешуданд.
Қарматиҳо кӣ буданд? Карматиҳо гурӯҳи пурқуввати сиёсие буданд, ки дар асри IX пайдо шуда, деҳқонон, бодиянишинҳо ва аҳли ҳунар, хусусан, онҳоеро, ки аз мазҳаби расмии ислом ва сиёсати нажодпарастонаи халифаҳои аббосӣ, ки худро ҳокими ҳамаи мусулмонҳо мешумориданд, норозӣ буданд, муттаҳид мекарданд. Дар замони Сомониҳо он ҳамчун ҳаракати халқӣ моҳияти зиддифеодалӣ дошта, бо баъзе хусусиятҳои озодихоҳӣ ва демократиаш эътибор пайдо карда буд. Таъсиру нуфузи он ба дараҷае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари соҳибэътибор низ ба он майл мекарданд. Наср ибни Аҳмад ҳам ба онҳо таваҷҷӯҳ дошт. Маънои кармат кӯтоҳқад аст. Сабаби чунин ном гирифтани ин ҷараён дар он аст, ки асосгузори он Ҳамдон ибни Ашъас қад ва пойҳои кӯтоҳ дошт. Аммо мухолифати рӯҳониён ва сарлашкарони сомонӣ бо карматиҳо дар он буд, ки карматиҳо хавфи таназзули давлати сомонӣ ва ҳуҷуми бодиянишинҳоро пай бурда, мехостанд, ки рӯҳи нажодиро дар байни халқ пурқувват намоянд. Онҳо аз сарлашкарони туркнажоди мамлакати худ низ бим доштанд. Ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта, аҳли хирад тадбир меҷуст. Таълимоти қарматӣ, ки бузургии нажоди эрониро нисбат ба арабу турк таблиғ мекард, чун мафкура такягоҳи хубе буд. Равшанфикрони он замон инро фаҳмида, ба он пайравӣ мекарданд. Аммо рӯҳониёни ислом ва дарбориёни иртиҷоӣ нуфузи рӯзафзуни ин мафкура ва бар зарари худ будани онро дарк намуда, ҳама мухолифони худро қарматӣ меномиданд, онҳоро ба бединӣ, бадмазҳабӣ айбдор мекарданд. Лашкариён бошанд, онҳоро мекӯфтанду ғорат мекарданд. Аз ҷумла соли 938 Абулфазли Балъамӣ бо хамин "гуноҳ” аз вазирӣ фуроварда шуд. Балъамӣ дар моҳи ноябри соли 940 вафот кард. Ин воқеа ба тақдири Рӯдакӣ, ки аз наздикони Балъамӣ буд, бетаъсир намонд.
Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷӯи марказгурез ва ривоҷи хурофоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хизмат кардааст:
Басе нишастам ман бо акобиру аъён.
Биозмудамашон ошкору пинҳонӣ.
Нахостам зи таманно магар, ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ.
Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Онҳо молу мулки Рӯдакиро мусодира карда, ба чашми ӯ мил кашида, кӯр карданд. Мил кашидан аз қабеҳтарин ҷазоҳои ҳокимони феодалӣ буд, ки бо лӯлачаи оханини тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкуравӣ хавфноктарин шумурда мешуданд, доғ мекарданд.
Рӯдакии пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Ҳамдиёрон ӯро дар оғӯши навозиш ва ғамхорӣ гирифтанд.
Баъди бозгашт ба зодгох Рӯдакӣ зиндагии пурҷӯшу хурӯш ва осудаи худро ба ёд оварда,мулоҳиза меронд, ки чаро ӯро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуноҳе надошт. Шоири ранҷур навишта буд:
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон,
Чунон ки ҷоҳи ман афзун буд аз амиру мулук.
Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
Маро нагӯй, ки аз чӣ шудаст шодӣ сук?
Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 941 Рӯдакӣ аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷрӯд ба хок супурданд. Оромгоҳи ӯ то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок ва сухани олӣ мебошад.
Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!
Дар инчо ройгон бахуд гирифтан