Абуали ибни сино
Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 1418] Тавзеххо: 0
Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:
Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)
Яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо олими мӯтабахҳири тоҷик Абӯалӣ ибни Снно буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри Абӯалӣ ибни Сино баъди пош хӯрдани давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табиби файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ ҳаёт ба cap бурда, чун надими хоси подшоҳону ҳокимон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.
Тарҷумаи ҳол
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо чизе маьлум нест, санаҳои зиёди ҳаёти Абӯалӣ ибни Снно аниқ маълум аст. Ӯ худ саргузашти хешро ба шогирди вафодораш Абӯубайди Фақеҳи Ҷузҷонӣ имло кардааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Абӯалӣ ибни Синоро худи Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди он рӯйдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта ба номи Рисолаи capгyзaшт маълум буда, дар асли арабӣ ба тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст.
Падари Абӯалӣ Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур (976-977) ба Бухоро омада, дар деҳаи Хармайсан (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшана бо Ситорабону хонадор шуд. 18 августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.
Соли 985 оилаи Абӯалӣ ибни Сино, вақте ки ӯ ба панҷ медаромад, аз Хармайсан ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз одамони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз 5-солагӣ то 10-солагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу наҳв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят Ҳусайн Куръонро омӯхта, онро ҳифз намуд.
Дигар Абӯалӣ лақаби "шайх” гирифт, зеро ҳар касе, ки Куръонро аз ёд мекард, ӯро, сарфи назар аз синну солаш, шайх мегуфтанд.
Сипас Абдуллоҳ писари худ Ҳусайнро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омӯзонанд. Писарча аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни гиро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишманди соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Абӯалӣ аз Абдуллоҳи Массоҳ дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, махсусан, дар ҳисоби ҳинд моҳир шуд. Ҳамон вақтҳо Абӯалӣ дар пеши Исмоили Зоҳид ба омӯхтани тафсири Куръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад, ки ин ду сол давом мекунад. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ ибни Сино то дувоздаҳсолагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард.
Бо ҳамин гуфтан мумкин аст, ки таҳсили миёнаи Абӯалӣ ибни Сино ба охир расид. Вай ҳамеша аз беҳтарин толибилмон буд. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироз ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура у истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт.
Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Абӯалӣ ибни Сино аз пайи он шуд, ки маълумоти худро такмил диҳад. Вай ду бор омӯзгори фалсафаро иваз кард. Он солҳо ба Бухоро, ки пойтахти Сомониён буд, аз шаҳрҳои дигари мамлакат, ҳатто аз кишварҳои гуногун олимону донишмандони зиёде меомаданд, ки дар он миён муббаллиғони исмоилию қарматӣ ва ҷосусон низ буданд. Дар ин миён ба Бухоро Абуабдуллоҳи Нотилӣ омад. Падари Абӯалӣ ибни Сино ӯро дар хонаи худ ҷой дода. Абӯалиро ба вай шогирд монд.
Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!
Дар инчо ройгон бахуд гирифтан