Чалолиддини Руми
Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 4521] Тавзеххо: 0
Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:
Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри 13 таккони бузурге ба адабиёт ворид кард. Пас аз Саноиву Аттор Ҷалолиддини Балхиро дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд.
Номаш Мухаммад, лақабаш Ҷалолиддин, инчунин бо унвони Мавлонои Рум шӯҳрат дорад. Гузаштагони Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургони тасаввуф ва соҳибони ҳол буданд. Мавлуди шоирро ба соли 1207 мелодӣ муқаррар кардаанд ва вафоти шоирро ба соли 1274 медонанд.
Падари Ҷалолиддини Румӣ аслан аз қадимтарин маркази тамаддуни халқи тоҷик шаҳри Балх мебошад. Ҷалолиддини Балхӣ, қабл аз тааррузи муғул, дар синни 14 солаги бо падари худ аз ватан ҳиҷрат намуда, ба Нишопур, Боғдод, Ҳиҷоз, Сурия ва Осиёи Сагир рафт ва дар Куния иқомат ихтиёр кард. Вай аввал бо роҳбарии падари худ Султон Валад дар Куния, сипас, дар Ҳалаб ва Димишк таҳсил намуда, маълумоти нисбат ба он замон мукаммале ба даст овард ва чанд гоҳ ба дарсгӯи машғул шуд. Вале дар соли 1224 бо таъсири мулоқоти дарвеши покдил ва орифи ҳақҷӯ Шамси Табрезӣ дарсдиҳи ва роҳбарии корҳои тариқати суфияро ба халифагони худ вогузор карда, худ гушанишин гардид.
Воқеан дар сарчашмаҳо ва таърихномаҳо ба дӯстии Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ бештар диққат додаанд ва оиди мулоқоти онҳо нақлхои зиёде ҷой дорад.
Масалан нақл мекунанд, ки боре Ҷалолиддини Балхӣ дар сари китобҳо нишаста буд ва қироат мекард. Шамси Табрезӣ вориди хона гардид ва пурсид, ки инҳо чист? Мавлоно гуфт:
- Чизест, ки ту надони.
Ҳамон дам ба он китобҳо оташ афтод ва Мавлави пурсид, ки ин чист? Шамс гуфт:
- Чизест, ки ту надони.
Ва аз хона бадар шуд.
Мегӯянд, ки баъди ин ҳодиса Мавлоно, ки мударриси номдори мадраса буд ва бо улуми табииёт сарукор дошт ҳамаро тарк гуфт ва ба дунболи ин орифи покдил ва шахсе, ки ишқро аз хама воло мегузошт, афтод.
Таъсири Шамси Табрезӣ ва эъҷози каломи ӯ буд, ки Мавлоноро забони сухани мавзун боз шуд ва мегӯянд, ки то вохури бо Шамси Табрезӣ Мавлоно бо шеъру шоири сарукоре надошт. Вале саранҷом, вақте ки Шамс рӯ ба гумноми ниҳод, оташи дили Мавлоно пурсӯзтар ва фурӯзонтар бар каломаш пайваст ва намоишгари шӯридагиҳои вай шуд.
Вуҷуди Шамси Табрезӣ мисоли барқе буд, ки осмони андешаҳои Мавлоноро рӯшан кард ва боз ба торикӣ пайваст. Дасти хунарманди Мавлоно аз ин рӯшани чароғи нубуғи хешро чунон афрӯхт, ки чаҳонеро абадан рӯшан сохт ва осораш то ҳануз боқист. Девони кабир ё куллиёти Шамси Табрезӣ осори ҳамон ишқи ҷонсӯз ва созандаест, ки аз таъсири Шамси Табрезӣ бар Мавлоно ҳосил гашта.
Ҷалолиддини Румӣ яке аз бузургтарин олимон ва шоирони мутасаввиф аст. Осори бегазанди ӯ яке девони ғазалиёт ва дигаре «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки аз шаш дафтар иборат буда, асосҳои фалсафаи тасаввуфиро дар бар гирифтааст. Вай бо ин асари худ навъи маснавии ирфониро то ба дараҷаи баланди такомул пеш бурд.
Эчодиёти Румӣ хусусан аз он ҷиҳат ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки шоир ба мақсади оммафаҳм гардидани осорҳои худ услуби соддаро ба кор бурда, шаклҳои назми халқии тоҷикро, чунончи, дар ғазал сурудҳои лирикӣ ва дар маснави тамсилро истифода менамояд.
«Маснавии маънавӣ» аз бузургтарин осори адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, андешаҳои фалсафиву ирфонии Мавлавиро фаро мегирад. Аз оғоз то анҷоми маснавӣ, ҳам ҳикмат, ҳам сужет ва ҳам образҳои бадеи ба ҳамдигар иртибот дошта, дар маҷмӯъ як кохи бузурги маърифатро таҷассум мекунад. Ба қавли суханшиноси асри 14 Махмуди Шабистари:
Агар як зарраро баргири аз ҷой,
Халал ёбад ҳама олам саропой.
Мавлави бо овардани ҳикояҳои дилпазир ва зебо хонандаро ба сӯи маснави ҷалб мекунад ва тавассути он ҳикоёти бештаринашон халқи андешаҳои амиқи ирфониро баён медорад. Дар аксар маврид шоир афкори хешро ба тариқи рамзу киноя ва ишорахо иброз медорад. Дар ин бора худи у чунин мефармояд:
Ман чу лаб гӯям лаби дарё бувад,
Ман чу ло гӯям мурод илло бувад.
18 байти авали маснавӣ, ки бо номи «Найнома» шӯҳрат дорад, оғози зебоест, ки бо афкори амиқи ирфони мустанад шуда, хонандаро ба сӯи маснавӣ ҷалб мекунад:
Дар мавриди ин абёт миёни шореҳони адабӣ баҳси доманадоре сурат гирифтааст, ки барии чи Янсон ба най ташбеҳ дода шудааст.
Воқеан ҳам дар ин абёт инсон ба най ташбеҳ дода шудааст ва нахустин шабоҳат миёни инсон ва най нолаи ҷудои аз асл мебошад. Агар най аз ҷиҳати ҷудои аз асли хеш, яъне найистон нола кунад, пас инсон аз ҷиҳати ҷудои аз асли хеш, ки дар қаламрави шуои илоҳи мебошад, нола мекунад.
Ҷалолиддини Балхӣ дар сароидани ғазал низ беназир буда, девони Кабир ё Шамси Табрезӣ намунаи олии ғазалиёти ӯ махсуб мегардад. Мавлави пайрави ақидахои Шамси Табрезӣ буд ва ба ин хотир бо умеди ҷовидон кардани номи устод Баъди марги ӯ девоне иншо кард бо номи девони Кабир ё худ девони Шамси Табрезӣ. Дар сарчашмахо ин девонро куллиёти Шамси Табрезӣ низ ном мебаранд. Куллиёти Шамс аз ғазалу касида ва рубои иборат буда, ғазал ва қасида бештар аз 50 ҳазор байт ва рубои бештар аз 1600 ададро ташкил медиҳад.
Намунаи ғазалиёти шоир:
Нардбони осмон аст ин калом,
Ҳар ки з-ин дар меравад ояд ба бом.
Не ба боми чарх, к-у аҳзар бувад,
Бол ба Боме, к-аз фалак бартар бувад.
Шод бош, эй Балху эй фарзанди Балх,
Эй меҳин фарзанди бемонанди Балх.
Шод бош, эй Куния, эй хоки ишқ,
К-аз ту тобад офтоби поки ишқ.

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
Аз найистон то маро бибридаанд,
Аз нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарха-шарха аз фироқ,
То намоям шарҳи дарди иштиёқ.
Ман ба ҳар ҷамъияте нолон шудам,
Ҷуфти хушҳолону бадҳолон шудам…
Дар мавриди ин абёт миёни шореҳони адабӣ баҳси доманадоре сурат гирифтааст, ки барии чи Янсон ба най ташбеҳ дода шудааст.
Воқеан ҳам дар ин абёт инсон ба най ташбеҳ дода шудааст ва нахустин шабоҳат миёни инсон ва най нолаи ҷудои аз асл мебошад. Агар най аз ҷиҳати ҷудои аз асли хеш, яъне найистон нола кунад, пас инсон аз ҷиҳати ҷудои аз асли хеш, ки дар қаламрави шуои илоҳи мебошад, нола мекунад.
Ҳикоёт аз маснавӣ
Чӯҳӣ
Кӯдаке дар пеши тобути падар,
Зор менолиду бармекӯфт сар,
К-«Эй падар, охир кучоят мебаранд,
То туро дар зери хоке биспаранд.
Мебарандат хонаи тангу заҳир ,
Не дар ӯ қоливу на дар вай ҳасир
Не чароғе дар шабу не рӯз нон,
Не дар он бӯи таому не нишон ,
Не дарун маъмуру не сақфу на бом,
Не бар ӯ баҳри зиёе ҳеч чом.
Не дар он аз бахри меҳмон оби чоҳ,
Не яке ҳамсоя , к-ӯ бошад паноҳ.
Чисми ту, ки бӯсагоҳи халқ буд,
Чун равад дар хонаи кӯру кабуд?
Хонае бе зинҳору ҷои танг ,
Ки дар ӯ не рӯй мемонад на ранг»
З-ин насақ авсои хона мешумурд,
В-аз ду дида ашки хунин мефушурд.
Гуфт ҷӯҳū ба падар: «К-эй арчманд,
Валлаҳ, инро хонаи мо мебаранд»
Гуфт ҷӯҳиро падар: «Аблаҳ машав»,
Гуфт: «Эй бобо, нишониҳо шунав!
Ин нишониҳо, ки гуфт ӯ як ба як.
Хонаи морост бетардиду шак.
Не ҳасиру не чароғу не таом,
Не дараш маъмуру на саҳну на бом».
ИМОРАТ ДАР ВАЙРОНИ АСТ
Он яке омад заминро мешикофт,
Аблаҳе фарьёд карду барнатофт,
К-ин заминро аз чū вайрон мекунū,
Мешикофию парешон мекунū?
Гуфт: «Эй аблаҳ, бирав, бар ман махон!
Ту иморат аз харобū боз дон.
Кай шавад гулзору гандумзор ин,
То нагардад зишту вайрон ин замин.
Кай шавад бӯстону кишту баргу бар,
То нагардад назми ӯ зеру забар.
То набишкофū ба наштар пеши чағз,
Кай шавад некӯи кай гардид нағз .
Пора-пора карда дарзū чомаро,
Кас занад он дарзии алломаро?
Ки чаро ин атласи бигзидаро ,
Бардаридū, чū кунам бидридаро ?
Ҳар бинои кӯҳна ободон кунанд,
Не ки аввал кӯҳнаро вайрон кунанд?
Ҳамчунин наччору ҳаддоду қасоб,
Ҳасташон пеш аз иморатҳо хароб …
То накӯбū гандум андар осиё,
Кай шавад ороста з-он хони мо».
Ҷалолиддини Балхӣ дар сароидани ғазал низ беназир буда, девони Кабир ё Шамси Табрезӣ намунаи олии ғазалиёти ӯ махсуб мегардад. Мавлави пайрави ақидахои Шамси Табрезӣ буд ва ба ин хотир бо умеди ҷовидон кардани номи устод Баъди марги ӯ девоне иншо кард бо номи девони Кабир ё худ девони Шамси Табрезӣ. Дар сарчашмахо ин девонро куллиёти Шамси Табрезӣ низ ном мебаранд. Куллиёти Шамс аз ғазалу касида ва рубои иборат буда, ғазал ва қасида бештар аз 50 ҳазор байт ва рубои бештар аз 1600 ададро ташкил медиҳад.
Намунаи ғазалиёти шоир:
Чунин шабҳо шаби қадр аст моро,
Ҳилоли дигарон бадр аст моро.
Шабе, к–он дилбари айёр бо мост,
На як шаб, сад шаби қадр аст моро.
Ба гирди мо хаводис раҳ надорад,
Фароғ аз ҳодиси даҳр аст моро.
Зи фақру фоқа моро ор н-ояд,
Ки ори дигарон фахр аст моро.
Ба зери хирқаам зуннори куфр аст,
Бад-ин шӯҳрат ба ҳар шаҳр аст моро.
Дурре, к-андар ду олам менагунчад,
Фитода дар дили баҳр аст моро.
Ҳама олам ба сони Шамси Табрез
Ба зери сояи чатр аст моро.
* * *
Ишқ бар дил мениҳад буньёдро,
Охир, эй ҷон, аз ки хоҳам додро?
Дигарон озод созанд бандаро,
Ишқ банда мекунад озодро.
Кошки ҳаргиз назоди модарам,
Чун кунам ин бахти модарзодро?
Хусраву Ширин ба ҳам дар ишратанд,
Нолаву зориву ғам Фарҳодро.
Тешаи Фарҳоду кӯҳи Бесутун,
Мегудозад хораву пӯлодро.
Аз барои зулфи мушкомези дӯст
Дӯст дорам ганаву шамшодро.
Шеъри Шамсиддини Табрезй гирифт
Мисру Шому Басраву Бағдодро.
Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!
Дар инчо ройгон бахуд гирифтан
- Дубоносов Е.С. Судебная бухгалтерия. Учебное пособие
- Нотариат в РФ (Учебно-методические материалы)
- Практикум по арбитражному процессу
- Китоби Алифбои ниёгон 6
- Комерческое право. Программа курса
- Протокол
- Исполнительное право
- Право собственности на информационные ресурсы
- НАСТОЛЬНАЯ КНИГА ПРОКУРОРА
- ПРАВО СОЦИАЛЬНОГО ОБЕСПЕЧЕНИЯ