Мирзо Абдулқодири Бедил (1644 - 1720)
Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 1276] Тавзеххо: 0
Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:
Мирзо Абдулқодири Бедил (1644 - 1720)
Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе, гар ин ҷо хам шави, бишкан кулоҳ он ҷо.
Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни тоҷикони Осиёи Миёна ва Афғонистон шӯҳрати бузург дорад. У дар сарзамини Ҳиндустон чароғи илму адаби моро боз ҳам фурузонтар кард. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ ва ҳунари адабии шоирони форсу тоҷикро аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ ва андешаҳои адабию фалсафии Саноию Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва Ибни Арабиро тахлил намудааст. Фалсафаи бостонии Эрони Қадим, Юнону Ҳинд ва араб ба инкишофи ақидаҳои адабию фалсафи замина гузоштаанд, ки дар натичаи бардошт аз дастовардхои гузаштагон Мирзо Бедил афкори фалсафии хешро кави намуд. Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд, ки ифодаи падари маъниҳоро дорад.
Падар ва бобои Бедил аз мардуми атрофи Самарқанд буда, дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳои ӯзбак ва Сафавиёни Эрон тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Бедил аз сипоҳиён будаанд ва худи ӯ низ сипоҳизода аст. С. Айнӣ ба таркиби номи Бедил ва хешовандонаш илова гардидани калимаи «мирзо»-ро далели сардори бузург будани яке аз гузаштагонаш донистааст. Бедил забони худро форсӣ гуфтааст. У дар шахри Азимобод таваллуд шуда, дар тифлӣ аз падар ятим мондааст. Тарбияи модари хушсаводашро гирифта дар 5-6 солагӣ ба мактаб рафтааст. Дар 7- солагӣ Қуръонро аз ёд карда, то 10-солагӣ ба омӯзиши сарфу наҳви арабӣ ва мутолиаи осори назму насри форсу точик шуғл варзид. Сохиби истеъдоди фавкулоддаи фитрӣ буд. Истеъдоди шоириаш аз 10-солагӣ зоҳир шуда, аввалин рубоии худро ба яке аз шарикдарсонаш бахшидааст:
Ёрам ҳар гаҳ ба сухан меояд,
Бӯи аҷибаш аз даҳан меояд.
Ин бӯи қаланфур аст, ё накхати гул,
Ё роиҳаи мушки Хутан меояд.
Баъди вафоти падараш тарбияи Бедилро амакаш Мирзо Қаландар ба ӯҳда гирифт. Бо ташвиқи амакаш мадрасаро тарк намуда, (дар назари Мирзо Қаландар таҳсил дар мадраса афсонахонӣ буда, монеи равнақи истеъдоди хақиқӣ мешудааст), ба худомӯзӣ гузашт. Илмҳои расмӣ ва тасаввуфро аз шайх Камол ном шахс, тафсиру ҳадис ва адабиёти арабро дар пеши тағояш – Мирзо Зариф омӯхт. Ташаккули афкори Бедил ба маҳфили Мирзо Қаландар сахт вобастагӣ дошт. Дар маҳфили ӯ донишмандон, аҳли дину оинҳои гуногун иштирок доштанд, ки Бедил онҳоро устодони маънавии худ медонад. Ақидаҳои адабию фалсафии Бедил аз ду сарчашма, сарчашмаи исломӣ ва ҳиндӣ шодоб гардидаанд. Бедил дар 12-16-солагӣ ба таъсири таълимоти дини илоҳӣ ба илму дониш ва тариқатҳои мухталифи динӣ майл кард. Дар 17-солагӣ ҳамроҳи тағояш Мирзо Зариф ба мулки Удеса (ҷануби Ҳиндустон) сафар карда, бо олим ва рӯҳшиноси машҳур Шоҳ Қосими Ҳуваллоҳӣ шинос шуд ва бо роҳбарии ӯ се сол дониши худро такмил дод. Баъди ин ба ошкоро шеър гуфтан сар кард. Дар ин айём Мирзо Зариф ва Мирзо Қаландар паиҳам аз олам гузаштанд. Бедил дар 21- солагӣ ба роҳи зиндагии мустақил ва ба пояи нави фикрӣ қадам гузошт. Шоир зодгоҳи худро тарк намуда, ба Дехлӣ рафт ва бо Шоҳкобулӣ ном маҷзуби ҳиндинажод шинос шуда, ба тариқати маҷзубия майл кард. Муаммои илми сеҳр (гипноз) ва амалиёти соҳирии Шоҳкобулӣ, ки Бедилро чанд маротиба аз «таҷрибаи психологӣ» гузаронида буд, шоири файласуфро дар ҳайрат гузошт. Бедил бо неруи тавонои ақл асрори ин илмро кашф кард. Вай аз унсурҳои илми сеҳр дар эҷоди бадеӣ истифода карда бошад ҳам, пояи ақидаи Шоҳкобулиро «олами хоб» донист ва андешаю фаҳмиши фалсафии худро, ки ба «олами бедорӣ» ва «огоҳӣ» асос ёфтааст, ба он муқобил гузошт. Бедил дар 25-солагӣ хонадор шуда, барои таъмини маишати оила чанд вақт дар дарбори Аъзамшоҳ касби падар - сипоҳигариро ихтиёр кард. Вале навкарии Аъзамшо ва муҳити дарбор ба эътиқоду табиати озодихоҳ ва маъниҷӯи Бедил созгор наафтод. Яке аз наздикони Бедил шоирии ӯро ба шоҳзода хабар дод, шоҳзода аз Бедил дар мадҳи худ қасидае дархост кард. Бедил ин муддаоро рад кард ва аз хизмати шоҳ даст кашид. Умуман, Бедил дар мадҳи касе қалам нарондааст ва дар ин хусус чунин ақида дорад:
Эй басо маънии равшан, ки зи хирси шуаро
Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷох аст.
В-эй басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ
Рӯсиёҳи абад аз мадҳи амиру шоҳ аст.
Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарьёб,
То бидонӣ, чӣ кадар фитраташон кӯтоҳ аст!
Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд
Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чох аст!
Бедил пас аз тарки навкарӣ аз Деҳлӣ ба Акбаробод (Агра) рафта, дар маҳфилҳои адабӣ иштирок карда, бо шоиру донишмандони давр Зуҳурӣ, Иззат ва дигарон ошноӣ ва бо ҳокими фозилу шеърдӯст Мири Комгор дӯстӣ пайдо кард. Ин давра дар инкишофи фикрии шоир марҳилаи наве буд. Ӯ донишеро, ки аз манбаъҳои ҳиндию исломӣ гирифта буд, ба мизони ақл санҷида, ба олам бо назари тоза менигаристагӣ шуд. Ин ҳол боиси афзудани зиддиятҳои ақидавии Бедил ва дигар аҳли илму адаб гардида, беш аз ин дар Акбаробод таваққуф карда натавонист ва ба Деҳлӣ баргашт. Вале Деҳлӣ низ ҷои осоиш набуд. Дар натиҷаи авҷи амалиёти мутаассибонаи Аврангзеб (1658-1707) вазъи сиёсии пойтахт тезу тунд гардида, дар музофотҳо шӯриш ба амал меомад. Бедил бо маслиҳати дӯстон дар сурати маҷзуб ба Лоҳур (Панҷоб) рафт. Ин дафъа маҷзубии ӯ як навъ ниқоби муҳофизат аз ошӯби давр буд. Дар ин сафар Бедил аз олимону шоирони давр бо Шукруллохони Наввоб вохӯрда унс гирифт. Бо ёрии Шукруллохон дар Лоҳур, Кашмир, Мултон, Сарҳинд ва хоказо саёҳат карда, бо олимон, шоирон, донишмандони мусулмону ҳинду сӯҳбатҳои илмию адабӣ орост. Ин сӯҳбатҳо барои Бедил як мактаби тоза буданд ва ба табъу андешаи файласуфи навҷӯю навгӯ мувофиқ афтоданд. Дар ин ҷо «Упонишот», «Маҳабҳарата» барин асарҳои илмию фалсафии дар замони Дорошукӯҳ ба форсӣ тарҷумашудаи ҳиндиро, ки дар китобхонаи Шукруллохон маҳфуз буданд, мутолиа кард. Зиндагии Бедил то с.1696 дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон бо сарпарасти Шукруллохон гузашт. Баъди Шукруллохонро ба Деҳлӣ даъват карда, мансаби баландтаре додани Аврангзеб Бедил низ ба Деҳлӣ омада, то охири умр он ҷо монд.
Бедил дар шароити таърихии сиёсию иқтисодии мураккабе зиндагӣ ва эҷод карда, дар муддати 77 соли умри худ 11 подшоҳро дидааст.
Эҷодиёт
Бедил адиб ва файласуфи сермаҳсул буд. Аз мероси ӯ 65 ҳазор байт осори манзум ва кариб 50 ҷузъи чопӣ асарҳои насрӣ боқӣ мондааст. Қисми асосии асарҳои Бедил дар «Куллиёт»-аш, ки соли 1882 дар Бамбей чоп шудааст, гирд омадаанд: «Дебоча», «Ирфон», «Тури маърифат», «Нукот», «Ишорот ва ҳикоёт», «Руқаот», «Чор унсур», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитаот», «Таркибот ва тарҷеот», «Ташбеҳот ва тамсилот» ва ғ. Ғайр аз асарҳои чопии Бедил дар деҳаю шаҳрҳои Осиёи Миёна нусхаҳои сершумори дастнависи осори шоир дар китобхонаҳои шахсӣ мавҷуданд.
Асарҳои Бедил масъалаҳои гуногунро дар бар гирифтаанд. «Тилисми ҳайрат» (1669) дар шакли маснавӣ ва дар вазни ҳазаҷи мусаддаси мақсур гуфта шуда, аз 3750 байт иборат аст. Мавзӯи ин асар муносибати тан ва рӯҳи инсон аст. Бедил рӯҳи инсонро ба подшоҳе монанд кардааст, ки аз олами қудс фуруд омада, мамлакатеро, ки асосаш хоку боду оташу об аст, ба даст медарорад. Дар асар як навъ талаб ва шарти хоси маърифат пешниҳод гардида, Бедил таълимоти устодони исломии худ ва ақидаи Шоҳкобулиро, ки шоир чанд муддат дар зери таъсири ӯ монда буд, рад кардааст. Хулосаи фикри Бедил ин аст, ки асли маънии ҳар гуна ақида ба шуури инсон вобаста буда, заминаи он дар олами воқеӣ вуҷуд надорад ва инсон аз рӯи дараҷаи фаҳмиши худ ба он маънии «бенишон» нишонаҳоеро нисбат медиҳад. Агарчи Бедил дар ин асар ҳолатҳои рӯҳонӣ ва ҷисмонии инсонро бо истилоҳоти аҳли тасаввуф таъбир намудааст, ақидаҳои тарбиявию ахлокии шоир бештар намудор мешаванд.
«Муҳити аъзам» (1681) маснавиест дар вазни «Шоҳнома» ва қариб 4500 байт дорад. Мундариҷаи асар аз ҳикоятҳои зиндагии аҳли тасаввуф иборат аст ва ақоиди фалсафии шоир доир ба офариниши олам бо санъати мисол шарҳу баён ёфтааст. Бедил аввалин маротиба роли таҷрибаро дар тасвири бадеӣ ба миён гузоштааст.
Маснавии «Тури маърифат» (1687) 1500 байт буда, дар вазни «Тилисми ҳайрат» таълиф ва ба Шукруллохон бахшида шудааст. Кӯҳистони Байрот (Дар Бангола) бо тамоми ҷилваҳои табиати шодобу пур аз маъданаш устодона тасвир ёфтааст. Бедил кӯҳи Байротро ба Тури Мӯсо муқобил гузошта, қайд мекунад, ки агар он «Тури таҷаллии нури илоҳӣ» бошад, ин «Тури таҷаллии маърифат» аст. Бедил шоирро аз рӯи «қонуни яқин» ба маърифати дунёи вокеъ ва зебоиҳои ҳаёт мехонад ва таъкид менамояд, ки бо шунидан қонеъ нашуда, ба ҳар чиз бо чашми муоина бояд нигарист:
Ҳамоно кӯрӣ аст, эй ҳушдушман,
Ки диданҳот гум шуд дар шунидан!...
Сабақҳои хаёли хом то чанд?
Варакгардонии авҳом то чанд?
Ба дил то кай тавон занги ҳавас кошт,
Ки Искандар аҷаб оинае дошт?
Агар таҳқиқи маънӣ нусхаорост.
Ба ҳар ҷо чашм во кардӣ, тамошост.
Кунун дар кӯҳи Байрот обу рангест,
Ки ҳар сангаш ба дил бурдан Фарангест…
Дар ин асар Бедил бештар ба фалсафаи олами зинда наздик мегардад.
Маснавии «Ишорот ва ҳикоёт» аз 1300 байт иборат буда, дар вазнҳои гуногун назм шудааст ва бештар масъалаҳои тасаввуфу васфи табиатро дар бар мегирад. Дар «Руқаот» мактубҳои давраҳои гуногуни ҳаёти Бедил фароҳам омадаанд. Аксари мактубҳо ба номи шахсоне иншо шудаанд, ки бо Бедил алокаи адабӣ ва фикрӣ доштаанд. Аксари номаҳоро Бедил дар ҷавоби мактуби дӯстонаш навиштааст. Он мактубҳо барои донистани чи гунагии муносибати ӯ бо баъзе ҳамзамононаш, лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёт ва ақидааш нисбат ба муҳити зиндагӣ ёрӣ мерасонанд.
«Чор унсур» (1703) аз калонтарин асарҳои насрии Бедил буда, бо порчаҳои шеърӣ зиннат ёфтааст. Ин асар илова ба масъалаҳои фалсафа, аз хусуси мактабхонӣ, хотираҳои давраи кӯдакӣ, аҳволи ёру рафиқ, хешовандон, муаллимон ва ҳамсӯҳбатони шоир маълумот медиҳад. Бедил дар атрофи чор унсур: бод, об, хок ва оташ бештар муҳокима ронда, оид ба пайдоиши наботот, ҳайвонот ва инсон изҳори ақида кардааст. Ӯ барои такомули рӯҳонию ҷисмонии инсон ғизои муътадилро шарти асосӣ шумурда, бақои абадии мавҷудотро рад мекунад ва бақои инсонро дар корҳои неки ӯ медонад. Ин асар барои донистани замон, шахсият ва ақидаҳои фалсафии Бедил маълумоти пурбаҳо медиҳад.
«Ирфон» (1712) бузургтарин асари манзуми Бедил буда, дар вазни хафифи махбуни маҳзуф назм шудааст ва 11000 байтро дар бар мегирад. Фикрҳои тасаввуфӣ, ақидаҳои фалсафӣ, назарияҳои материалистии Бедил масъалаҳое мебошанд, ки мундариҷаи асосии ин асарро ташкил додаанд. Бедил чун файласуфони қадим обу оташу боду хокро асли моддаи мавҷудоти олам медонад. Дар хусуси хилқати ҷамодот, наботот ва ҳайвонот сухан ронда, инсонро мукаммалтарин шакли мавҷудот ҳисоб кардааст.
Ба ҳам овард хоку оташу об,
Кард шӯхӣ ба сурати одоб.
Ҷамъ то шуд, ҷамод ном гирифт,
Раст аз он ҷо, набот ҷом гирифт.
Ба равонӣ расиду ҳайвон шуд,
Ба сухан лаб кушоду инсон шуд.
Дар асар ақидаҳои ахлоқии шоир ифода шудааст. Ӯ сабаби ҳамаи бадахлоқиҳои мардумро аз бекорӣ ва муфтхӯрӣ медонад. Касби деҳқониро аз ҳама муҳим ва сарчашмаи зиндаги инсон мешуморад. Доир ба муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ андеша ронда, табақаи меҳнаткаш –деҳқононро аз тамоми гурӯҳҳои ҷамъиятӣ боло мегузорад; салтанатро «интизоми фасод» ва адолати шоҳонро найранге барои ғорати халқ медонад. Дар «Ирфон» бо унвони «Комде ва Мадан» достони ишқие ҳаст, ки дар он ақидаи нопойдории зулм таъкид шудааст. Ин достон аз достонҳои ишқии пешин («Фарҳоду Ширин», «Лайливу Маҷнун» ва ғайра.) бо ин, ки қаҳрамонони асосиаш бо меҳнати зиёд ба мақсад расидаанд, фарқ мекунад. Дар достон санъат, озодии шахс, дӯстӣ, садоқат, ҳунар, мусиқӣ, илм, адолат ва накӯкорӣ мавриди тавсиф қарор гирифтааст.
«Нукот» асари мансур аст ва зоҳиран, Бедил онро дар давраҳои гуногуни ҳаёташ навиштааст. Ин асар низ ақидаҳои фалсафӣ тасаввуфии адибро дарбар гирифтааст. Бедил диндорони мутаассибро танқид карда, ба охират, зиндагии дубора, дӯзаху биҳишт барин мафҳумҳои динӣ бовар надоштани худро изҳор кардааст.
Ашъори Бедил чун «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитъа ва қитъаҳои таърихӣ», «Таркибот ва тарҷеот» ва ғайра, ки 37500 байтро ташкил медиҳанд, барои муайян намудани ҷаҳонбинии шоир аҳамияти калон доранд. Ашъори лирикии Бедил масъалаҳои иҷтимоию сиёсии муҳиммеро дарбар гирифтаанд. Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори ӯ мухталиф буда, таълифашон ба давраҳои гуногуни ҳаёташ рост меояд. Вай қуввати халқро дар иттифоқ дониста, таъкид мекунад, ки фақат хамфикрӣ ва муттаҳидӣ ҳуҷуми ҳар гуна душмани хориҷиро боздошта метавонад.
Эҷодиёти Бедил, махсусан ашъори ӯ дар асрҳои 18-20 байни аҳли адаби тоҷик хеле шӯҳрат ёфта, мушкилбаёниаш маҳфилҳои махсуси «бедилхонӣ» ба вуҷуд овард. Мушкилоти девони ӯ дар тарзи истиснохи он ҳам таъсир гузоштааст: Котибон девони шоирро бештар бо хати шикаста ва гоҳо бенуқта нусхабардорӣ кардаанд. Тарзу услуби шеъри ӯ дар байни шоирони ин давраи тоҷик як мактаби алоҳида ба вуҷуд овард. Вале бештар пайравони Бедил моҳияти фалсафию мазмуни иҷтимоии таълифоти ӯро дарк накарда, асосан шакли мураккаби ашъорашро тақлид кардаанд. Дар нимаи дуюми асри XIX мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш моҳияти ҳақиқии эҷодиёти Бедилро дарк кард ва ба шогирду пайравони худ афкори пешқадамонаи ӯро тарғиб намуд. Мунтахаби девони Бедил дар мактабҳои кӯҳна ба сифати китоби дарсӣ таълим дода мешуд. Аз маҳфилҳои «бедилхонӣ», ҳатто бесаводони бедилдӯст низ баҳра мебурдаанд, ҳофизони халқӣ дар маъракаҳо ғазалҳои дилнишини Бедилро месуруданд.
Бедил шӯҳрати ҳақиқиро дар замони шурави ёфт, мазмунҳои амиқи фалсафӣ ва иҷтимоии осори Бедил ошкор ва дастраси хонандагон гардид. Дар тадқиқи аҳвол ва таҳлили осори безаволи Бедил махсусан роли устод Садриддин Айнӣ бузург аст.
Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!
- Коммерческое право. Учебная программа
- Всё что нужно для встроения приличного сайта
- Девиантология
- Накши технологияхои иттилооти дар фаъолияти сохибкори
- Государственное и муниципальное управление
- Китоби Забони арабӣ 8
- ПРАВА ЧЕЛОВЕКА в современной России
- Асосхои хукуки-конститутсионии макомоти махаллии хокимияти давлати
- Муносибатҳои сиёсии байналхалқӣ
- Китоби Забони хориҷӣ 7