Садриддин Айни (1878-1954)
Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 1895] Тавзеххо: 1
Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:
Садриддин Айни (1878-1954)
Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айни 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст.
Падари устод Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт. Саидмуродхоча ҳамеша кӯшиш мекард, ки донишу таҷрибаи ҳаётиашро ба писаронаш омӯзонад.
Садриддин дар шашсолагиаш ба мактаб меравад. Усули таълиму тарбияи он мактаб ақалан барои ёд гирифтани алифбо имконият надодааст, ки дар повести «Мактаби кӯҳна» нависанда онро тасвир мекунад.
«Чунон ки падарам дид, - менависад С. Айни дар «Ёддоштҳо»,- дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолаги мактабро хатм мекунад.
Бачагии Садриддин дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофии онро фаро гирифт, дар байни чиҳил рӯз уро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.
Орзую ҳаваси илму шеър Айнии 12-соларо ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айни барин камбағалбачагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасманди ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айни дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек. Ҳоҷи Зоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.
Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айни боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз хеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.
Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.
Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии «Айни» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.
Назари устод Айни пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводирулвакоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эъҷодиёти идеяҳои пешкадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Тахзибуссибён»- ро устод Айни маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар руҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабҳои нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъкул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва уро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин ба Самарканд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарканд ва чи дар Тошкент дар корҳои кумитаи револютсиони иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои чанги менависад, таргиботу ташвикот мебарад.
Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шӯравӣ ба Айни пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда - Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» - и ҷонгудози Айни ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Муҳиддинхоҷаро низ катл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айни тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихи ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амири таърихан қонунист.
Ҳамин тавр бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айни ба дараҷае тараққи кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эъҷод намудааст. Барои хизматҳои адаби ва ҷамъиятиаш Айни бо се ордени Ленин, ду «Байрақи сурхи меҳнат» ва медалу грамотаҳо мукофотонида шудаааст.
Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори фанҳои филологи бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи фанҳои РСС ӯзбакистон такдир карда шуда буд. Айни академики Академияи Тоҷикистон таъин гардида буд, ӯ нахустпрезиденти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1958 инчониб ҳар сол дар рӯзи таваллуди нависанда маҷлиси илмии «Солонаи Айни» барпо шуда, материалҳои он дар мачмуаи махсуси «Ҷашнномаи Айни» нашр мегарданд. Бисёр деҳаву ноҳияҳо, кучаю хиёбонҳо, мактабҳо номи ӯро гирифтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон 8-уми сентябри соли 1997 ба устод Айни Унвони « Каҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Устод Садриддин Айни соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло макбараи Устод Айни дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро ҳозир боғи Айни мегӯянд.
Бузурги ва қувваи эъҷодиёти С.Айни.
Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айни аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғани гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст. Барои Айни ҳамчун барои тамоми сухансароён ҳақиқати воқеъи сарчашмаи асосии эъҷоди буд. Ба фарроши чашмгуруснаи дирӯзаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андӯхтааст, моҳияти тагиротҳои зиндаги на якбора равшан гардидааст.
Роҳи Айни бо сӯи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад. Нависанда ба гузаштаи таърихии халқи хеш рӯ меорад, то аз қуллаҳои музаффариятҳо дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад. Дар солҳои гуногун паси ҳам асарҳои ӯ, ки бо ҳаёти воқеи сахт алоқаманд буданд, хонандагони бешумореро пайдо намудаанд.
Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарси буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардиданд.
Повесту романҳои нависанда: «Чаллодони Бухоро», «Одина», «Ятим», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо», «Ахтари Инқилоб», «Тахзибуссибён» аз ҳаёти халқи аъзиятдида нақл мекунанд.
Нахустин шеъри инқилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айни эълон гардидааст, ин «Марсия» - и ӯст. Ин асар ба муносибати фоҷиаи кушта шудани бародараш Сирочиддин бахшида шуда буд:
Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
…Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
…Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!
Шеърҳои ба мактабу илмҷӯи бахшидаи Айни бо забони соддаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои «Замзамаи дабистон», «Суруди мактаб», «Саҳаргоҳон» ва ғайра боварибахш ва самимона эъҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:
… Биёед эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Нахустин асари калони насрии Айни повести «Ҷаллодони Бухоро» дар соли 1920 эъҷод шудааст. Дар ин асар нависанда як қатор эпизодҳо, рафтору кирдори пурдаҳшати амир, ваҳшоният, фитнагари ва маккории амалдорони ӯро дар ҳикоя ва сухбатҳои байниякдигарии персонажҳои гуногун кушодааст.
Повести «Одина», «Гуломон», «Дохунда» дар таърихи адабиёти советии тоҷик ҳамчун эпопеяи (ҷангномаи) сегона таълиф шудааст.
Устод Айни, ки бештар ба мавзӯъҳои таърихи муроҷиат мекард, орзу дошт дар асари мустақиле ба мавзӯи вокеаҳои замони баъди револютсия ҳам рӯ орад. Бо ин максад ӯ повести «Ятим»-ро (1940) ба 10-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бахшида буд. Мавзӯи асар аз воқеаҳои солҳои аввали баъди Револютсияи Халқии Бухоро шурӯъ мешавад: табақаи доро бо сохти нави Шӯравӣ созиш накарда, на фақат худ бо молу давлаташ ба хориҷа ҳичрат мекард, инчунин зердастону хизматгоронашро бо фиребу найранг ба роҳи ғалат андохта низ бо худ мебурд.
Мероси илми ва адабии устод
Садриддин Айни ба эъҷоди асарҳои илми ҳанӯз дар ибтидои асри XX шурӯъ карда буд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онҳо «Тахзибуссибён» аст, ки устод аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эъҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд.
Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин чараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»- ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннахру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эъҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвази, Абухафси Суғди ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тарик, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғани доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслихатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.
Пас аз ин устод Айни дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳангӣ ва адабии тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқоти мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шохнома»- и ӯро ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхураис Абуалии Сино», «Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷанди», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эъҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлони доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эъҷодии Абулқосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони Шӯравиву хориҷи фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро хамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.
Аз ин ҷихат хизмати устод Айни, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши мухаққиқонро муйян намуд.
Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлони ранҷ кашида, аз наҳли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажуҳишгарон аз бӯи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:
Ин боғ зи наҳли кӯхан оростаам,
В-он наҳл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.
Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айни эъҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоири ворид гардид. Таърихи эъҷоди шеъри мазкур ҳам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлиси, нодорами ва қашшоқии хеш дарду аламашро изхор мекунад:
Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам
Устод Айни пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тӯли солҳо мазмуну мундариҷаи идеявии ашъори адиб комилан тағйир ёфт. Акнун ба мавзӯъҳои талаботи рӯз даст зада, дар бораи инқилобу озодии мардуми заҳматкаш сухан меронад. Шеърҳои «Марши ҳуррият», «Ба шарафи инқилоби октябр», «Якуми май» ва ғайраҳо эъҷод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзӯъҳои байналмилаллии дӯстиву рафоқати меҳнаткашони дуне меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик мавкеи асосӣ дошт. Соли 1923 дар Тошканд мачмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инқилоб» аз чоп баромад.
Вале устод Айни эхсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба душ дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша гуфстариши ходисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маъни устод чунин ибрози назар кардааст:
Айни, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.
Баъдтар асарҳои устод Айни пайдарҳам ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд. Устод соли 1927- 1929 романи «Дохунда»-ро навишта ба охир мерасонад. Романи «Ғуломон»- ро низ дар байни солҳои 1932 – 1935 навишта онро ба забони ӯзбаки бармегардонад. Ва онҳо дар солҳо 1934 ва 1935 чоп шуда дастраси хонандагон мегарданд.
Устод байни солҳои 1936 - 1940 повести «Марги судхур», «Ятим», «Луғати нимтафсили забони адабии тоҷик» «Шомили 15 хазор калима хаст», «Мактаби кӯҳна» ва боз бисёр асарҳои дигарро офарид. Садриддин Айни дар давраи ҶБВ бештар асарҳои публисисти иншо кард. «Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Шероз», «Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор», «Модар - Ватан» ва ғайра, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳои давр ба табъ расида буданд, рӯҳияи ватандустӣ ва дустии байни халкҳоро тақвият мебахшиданд. Ҷавононро алайҳи душман – фашизм ба мубориза мехезониданд.
Повести «Ятим» ба яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯз- ватандустӣ, садоқат нисбати Ватан бахшида шудааст. Устод дар асари худ рӯзгори дардомези як ҷавони камбағал – Шоди Мурод (Ятим)-ро ба қалам додаст.
Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштҳо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лаурети мукофоти давлати гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзнигори якдавраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қахрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои солҳои 80 то ғалабаи инқилоби, ки устод Айни яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик хамчун асари ёддошти ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин ру «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод.
Ҳамин тавр, устод Айни асосан аз «Бадое-ул-вакоеъ»-и Восифӣ илҳом гирифта, эъҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург «Ёддоштҳо»-ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст.
Осори бузурги Садриддин Айни, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷахони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.
Имрӯзҳо дар хама ҷо номи Айниро вомехурем. Дар худи шаҳри Душанбе муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, ба номи ӯ театри опера ва балет инчунин кучаю хиёбон ва боғ гузошта шудааст. Дар вилояти Суғд ба номи ӯ ноҳия гузошта шудааст, ки як вактҳо худи ӯ дар он чо зиндагӣ карда буд. Дар Кӯлоб низ ӯро ҳама медонад ва меҳнаташро қадр мекунанд. Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кулоб ва инчунин хиёбон ва куча низ ба номи Айни гузошта шудааст. Мо хеҷ гоҳ қаҳрамони Тоҷикистон С. Айниро фаромуш намекунем ва нахоҳем кард.
Устод Айни таърихдон, забоншинос, луғатдон, мураббӣ ва омӯзгор, марди пуркору меҳнатдӯст буд. Ҳар гоҳ, ки шахс бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавҷҳои дарёҳои бузург ва рудҳои шӯх меоянд. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амиқ, ҳам мусаффо менамоянд. Он мавҷҳо аз меҳнати чандинсолаи ин адиби бузург шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, асарҳои эъҷодкардаи устод оинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд.
Хазорон хамчу булбул дар бахоре мешавад пайдо,
Навосанче чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?
Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!
Дар инчо ройгон бахуд гирифтан
- Китоби Зоология 7
- Хукумати электронии Точикистон
- Аҷдоди тоҷик дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ
- Пайдоиш ва инкишофи фалсафаи марксизм - реферат
- Намудхои маркетинг - реферат
- Л.№6. Шахсият ва сиёсат
- Китоби Касбу ҳунар барои бачаҳо 7
- Беморихои сироятии кудакон
- Л.№1. Сиёсат хамчун ходисаи чамъияти.
- ГРАЖДАНСКИЕ ПРОЦЕССУАЛЬНЫЕ АКТЫ