Дар васфи Ватан

Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 1411] Тавзеххо: 2

Дар васфи Ватан

Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост. 

Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи "майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хурдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост. 

  

Ватан бар ман азизи хамчуноне бар танам чонам,
Ба чуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст ахду паймонам,
Тамоми хастииям пайваста бо ту эё Ватан чонам.. 

  

Зикри дили ман хамеша номи ватанаст,
Авроди забони ман каломи ватан аст.
Ман восифи ишки ватани махбубам,
Фехристи китоби ман мароми ватан аст..


Ватан бар ман азизи хамчуноне бар танам чонам,
Ба чуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст ахду паймонам,
Тамоми хастииям пайваста бо ту эй Ватан чона


Ранч бурда модаре фарзанд пайдо мекунад,
Ин писарро посбони руи дунё мекунад.
То шавад пояндаи такдири дунё он писар,
Дар дили фарзанди худ мехри Ватан чо мекунад


  

Vatan gui,zi modar mekuni yod,
Vatanro bar vatandorash khudo dod.
Ba ishqi in Vatan bardosht qomat,
Turo modar zamone bar jahon zod.
Khiyonat ba vatan har kas namoyad,
Varo nafrin az ahli jahon bod.
Agar,ki dar vatan boshi, shavi shod.
Har on,ki bevatan shud, khor gardid,
Agar ishqi vatan dar dil shavad jo
shavad bebok farzandash chu Farhod.
Vatandoro,Vaatanro pos dorash,
Ki mehri u buvad bar tu khudodod.
Haron kas,ki Vatan-Modar parastad,
Parastorash dar in olam Khudo bod.

Точикистон- мазхари ман, 
Cарзамини камзамин, 
Ту саросар кухсори, 
Ту саросар сангзори, 
Чунки фарзандони ту дар тули таърихи дароз 
Хар кучо рафтанд, 
муште хок бо худ бурдаанд. 
Чунки фарзандони ту дар чустучуи бахти худ 
Дар биёбонхои тафсон дур аз ту мурдаанд. 
Хар кучо рафтанд махчуру гариб 
Аз фирокат чуфти онхо нолаю андух шуд. 
Чумла дар куи гариби хок гаштанд эй дарег, 
Орзухошон дар ин чо санг басту кух шуд. 
Хар кучо рафтанд онон 
Ё ба Макка ё Мадина, 
Ё ба гурбат, 
ё тичорат, 
Ё гуреза аз хама тазвину кина, 
Мушти хокатро ба киса ёдгори бурдаанд. 
То агар рузе бимиранд аз казо, 
Дар гариби бекасу беошно 
Хоки ту бошад нишони охирин... 
Точикистон!- 
Сарзамини камзамин, 
Хоки ту инсон парешон гаштааст, 
Бо хама хоки чахон ингуна хамсон гаштааст. 
Хоки ту 
Бо сари пуршури Деваштич то Багдод рафт, 
Он сари аз тан чудо, 
Аз ту чудо 
Бо дод аз бедод рафт. 
Хоки ту 
Бо сари Рахшона то Юнон расид. 
Бо хазорон нолаю афгон расид. 
Монд дар Табрез бо наъши Камол, 
Бо замин омехт то шуд безавол. 
Хоки Хиндустон зи Бедил дил гирифт, 
Наъши у то човидон манзил гирифт. 
Бурд Сино то Хамадон хоки ту, 
Монд он чо мушки хоки поки ту. 
Он кадар точик чуста булъачаб 
Хонаи иллах ба сахрои араб 
Мурдаву хоки туро бо хеш бурд, 
Колбадро то бад он сахро супурд. 
Хоки ту ин гуна кам шуд,кишварам, 
Инчунин аз ашк нам шуд,кишварам. 
Хар кадар ки хоки ту барбод шуд, 
Хоки дигар он кадар обод шуд... 
Ин чи густохи?Маро маъзур дор. 
Хоки ту кам шуд магар? 
Хоки ту кам шуд ба микдору 
фарохотар ба арзу тул шуд, 
Гарчи номат 
Хамчу мулки кухсорон дар чахон машхур шуд. 
Лек боке нест! 
Бахри он сангат зиёду куххот 
То бисози пайкара бар ёдгори он хама 
Мардони пурхасрат, 
Ки хокатро парешон кардаанд. 
Бахри он мардон, 
Ки номатро дар олам Точикистон кардаанд. 
Пайкара чандон тароши, месазад. 
Бахри он мардон,ки хокатро кунун зар кардаанд, 
Куххоятро барои арзи мехру дусти 
Ин замон озод минбар кардаанд...(ЛОИК ШЕРАЛИ)

Ватан вайрона азёр аст ё агёр ё харду, 
Мусибат аз мусулмонхост ё куфор ё харду. 
Хама доди ватанхохи зананд, аммо намедонам, 
Ватанхохи ба гуфтор аст ё куфор ё харду. 
Вакилону вазиронанд хоин йош мегуянд, 
Агар дар зери борам ё ба руи дор ё харду......

Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!

Боркуни аз LetitBit.net Боркуни аз TurboBit.net Боркуни аз DepositFiles.com

Арза кардан

Категорияи: Панду андарз

Баргаштан
Хамаги тавзеххо: 0
avatar

Ба диккати шумо мерасонем

Сардори сомонаи www.Донишчу.рф Шуморо бо 1 июни рузи байналмилали кудакон табрик гуфта ва ба шумо рузхои рузи бехтаринро таманно дорам ....
 

Маводи бехтарин

 

Категорияи муваккатани

Забони тоҷикӣ [47]
Забони хориҷӣ [30]
Забони олмонӣ [0]
Физика [16]
Накша [0]
Информатика [72]
Асосҳои барномасозӣ [11]
Манбаи додашудаҳо [5]
Сиёсатшиносӣ [16]
Педагогика ва психология [6]
Фарҳангшиносӣ [17]
Назарияи иқтисоди [16]
Таърихи тоҷик [15]
Барномасозии офисӣ [11]
Сотсиология [3]
Анатомия [4]
Агроэкология [1]
Маркетинг [22]
Менеҷмент [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [0]
Фалсафа [4]
Ҳуқуқи молиявӣ [1]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [8]
Ҳуқуқи андоз [0]
Экология [1]
Презентатсия [38]
Китобҳо (Руссӣ Тоҷикӣ) [280]
Анатомия [2]
Ботаника [2]
Зоология [2]
Демография [1]
Математика [5]
Намунаи ҳуҷҷатҳо [13]
Экономика [1]
Медицина [0]
Иқтисоди миллӣ [2]
Бухгалтерия [3]
Эконометрика [0]
Табрикнома [4]
Панду андарз [17]
Иктисодиёти байналхалки [21]
Сотсиология [5]
Забони арабӣ [4]
География [9]
Асосхои Сохибкори [2]
Банакшагирии бизнес [2]
Конспексияи табиатшиносии муосир [2]
Иктисоди корхона [2]
 
Хостинг от uCoz