Дақиқӣ

Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 631] Тавзеххо: 0

Дақиқӣ

Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:

Дақиқӣ

 

         Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ  шоири бузурги ватандӯсти асри 10 аст. Соли таваллуди ӯ дар «Намунаи адабиёти тоҷик»  317 ҳиҷрӣ (929-930 милодӣ) қайд шудааст.  Ҷои таваллудаш маълум нест. Дар тазкирахо Самарканд, Балх, Бухоро, Тӯс қайд кардаанд.
        Фаъолияти эҷодии  ӯ аз доираи адабии ҳокимони Ҷағониён (водии Ҳисору Сурхандарё), ки марказаш шаҳри Термиз буд,  оғоз  ёфтааст.
        Дар ин вақт кишвари Ҷағониёнро хонадони Мӯҳтоҷиён идора мекард. Асосгузори ин хонадон Абубакр  Муҳаммад Музаффар Мӯҳтоҷ  буда,  соли 933  таъсис ёфтааст. Ин хонадон  бо вуҷуди  тез-тез исён карда  истодан  тобеи  давлати Сомониён буд.  Онҳо бо барқарор намудани  анъанаҳои бобоёни худ -  тоҷикони  ҷағониёнӣ  кӯшиш  мекарданд,  урфу одатҳо  ва адабиёту  забони  дариро  инкишоф  медоданд,  шоирон  ва аҳли  илмро  дастгирӣ  мекарданд.  Аз ҳокимони  ин хонадон, масалан,  Тоҳири  Ҷағонӣ (амир Абдулмузаффар Тоҳир ибни Фазл, вафоташ 987- 988)  худ низ шеър менавишт,  истеъдоди хубе хам дошт. Дар доираи адабии  онҳо  шоирон  Дақиқӣ,  Мунҷиқӣ  Тирмизӣ  ва  Фаррухии Сиистони  умр ба сар бурда,  асарҳо  эҷод намудаанд.  Дар бораи  ба ин дарбор нисбат додани Дақиқӣ,  Фаррухӣ  дар шеърҳои  мадҳияи худ  ба Фахруддавла  ишора кардааст:

      То тарозандаи  мадеҳӣ ту Дақиқи даргузашт,
      З- офарини  ту дилоганда  чунон, к-аз дона нор.
      Ҳар наботе, к-аз сари гӯри Дақиқӣ бардамад,
        Гар бипурси, з- офарини ту сухан ронад ҳазор.

  Дақиқӣ  дар замони ҳукмронии  Нӯҳ  ибни  Мансури  Сомонӣ  ба доираи адабии  Бухоро  омадааст. Рӯҳи ватандӯстона – шуубияи  ӯ баъзе хоинони  ватанфурӯш,  ҷосусҳои  хилофат,  хоконхои турк  ва  рӯҳониёни мутаассиби  исломии  ханафия  маъкул набуд. Махсусан,  ба назми достонҳои  қахрамонии  ватандӯстонаи халқи худ  шурӯъ намудани ӯ ба  ин гурӯҳ  писанд наомад.  Бинобар  ин,  ҳамон  гурӯҳҳои  иртиҷоӣ  гӯё  бо дасту  ханҷари  ғуломаш  дар яке аз шабҳои  базм куштанд.  Ин воқеа  дар соли 977  рӯй додаст.  Қувваҳои иртиҷоӣ  моҳияти  аслии  воқеаро  пинҳон дошта,  онро «аз бадахлоқии»  ӯ ва  аз рашк  куштани  ғуломаш маънидод  кардаанд.  Фирдавсӣ  ҳам аз рӯи  ҳамин овозаҳо  сабаби кушта шудани шоирро дар  муқаддимаи  «Шоҳнома»  «аз хӯйи бад»  маънидод  намудааст:

      Ҷавонашро  хӯи бад ёр буд,
      Або бад хамеша ба пайкор буд.
      Бар ӯ тохтан кард ногоҳ марг,
      Бар сар  барниҳодаш яке тири тарг….

    Чунин акидаи Фирдавсӣ ва овозаву  баҳонаи  он ғалат буд,  зеро Дақиқиро  хамон  қувваҳои  иртиҷоӣ кушта буданд,  ки  Рӯдакиро  кӯр,  давлати  Сомониёнро  барҳам дода буданд.  

Эҷодиёти  Дақиқӣ

      Аз рӯйи маълумоти  Носири Хисрав  девони шеърҳои Дақиқӣ,  ҳатто, дар асри XI дар кишварҳои ғарбии Эрон  ҳам  шӯҳрат доштааст,  вале  то ҳол ёфт нашудааст.  Мероси адабии ӯ  ва шакли шеърҳои вай аз қасида,  ғазал,  рӯбоӣ, қитъа,  дубайтӣ  ва маснавӣ (достон)  иборат будааст.  Мундариҷаи  ашъори  ӯро  мавзӯъҳои  ишқӣ,  мадҳ, марсия, панд,  тасвири  табиат, ватандӯстӣ  ва ғайра  ороиш  додааст.  Дақиқӣ  ҳам шоири  хассоси  лирик  ва ҳам  донандаю  сарояндаи  шеърҳои  (достони)  эпикию  қахрамонӣ  мебошад.
    Қасидаҳои  мадҳияи  Дақиқӣ  ба мирони  Ҷағониён  ва амирони  Сомонӣ  бахшида  шудаанд  ва ба  равияи  умумии  давр,  ки  идеализатсия  ва  муҳофизати  давлати  марказонидашудаи  феодалист,  нигаронида  шудааст:

          Малик  он ёдгори  Оли  Доро,
          Малик  он кутби даври Оли Сомон.
          Агар бинад ба гоҳи кина иблис,
          Зи бими  теғи ӯ бипазирад  имон.
          Ба пои  лашкараш Ноҳиду Ҳурмуз,
          Ба пеши  лашкараш  Мирриху  Кайвон.

    Аз қасидаҳои  ӯ бештар қисмати ташбиб  боқӣ мондааст,  ки  аксар  манзараи  табиатро  хеле  бадеӣ, образнок  ва реалистона  тасвир менамояд. Газалҳои  асри X-ро танҳо  ташбиби  қасида  номидан  расм шудааст.  Аммо  ғазалҳои  Дақиқӣ, агар  бетахаллусиашро  мустасно кунем,  аз ҷиҳати  мавзӯъ  ва композитсия,  пуррагӣ  ва  рехтагиаш  ба ғазал  тамоман  монанд аст. Ба ин масъала  худи ӯ низ  ишорат кардааст:
              Маро  гӯяд зи чандин  шеъри шоҳон,
              Ва чандин  ошиқона  шеъри дилбар.

  Ифодаҳои «шеъри шоҳон»,  «ошиқона  шеъри  дилбар»  ишора  ба  қасидаҳои  мадҳия  ва ғазалҳои  ишқӣ аст.  Масалан,  шеъри  ошиқонаи  зерин  бо пуррагӣ,  яклухтӣ  ва фикран    тамом  буданаш  ба ғазал монанд аст, фақат  ин ки  тахаллус надорад:

              Кошки  андар ҷаҳон  шаб нести,
              То маро ҳиҷрони он лаб нести.
              Захми ақраб нести бар ҷони ман,
              Гар вафо зулфи муақраб  нести.
              В-ар набудӣ  кавкабаш  дар зери лаб,
              Мунисам  то рӯз кавкаб нести.
              В-ар мураккаб нести  аз некӯӣ,
              Ҷонам  аз ишқаш  мураккаб нести.
              В-ар маро  беёр бояд зистан,
               Зиндагони, кош, ё раб, нести!

      Ин шеър як компоненти  пурраи  ишқии  образи  ошиқ  ва маъшуқаеро  ба вуҷуд  овардааст,  ки  он дар  байти  мақтаъ  ҷамъбаст  гардидаст.  Дар шеъри  боло  олами  ботинӣ  ва ҳиссиёти  пуразоби  ошиқ  бо лиризми  баланди  шоирона ифода  ёфтааст.
      Майлҳо  ба дини  зардуштӣ,  ба таври ҷиддӣ аз ислом    баргаштан ва комилан ба зардуштӣ рӯй оварданро ифода намекард,  зеро ислом аллакай пурра кабул шуда, ба фаҳму шуури мардум дохил гардида  буд. Зардуштпарастӣ,  ки аз оини аҷдодии мост,  дар шеърҳои  дигари  ин шоири ватандӯст низ  акс ёфтааст:

            Яке зардуштворам орзуест,
            Ки  пешат  Зандро  бархонам аз бар.

              Бархезу барафрӯз, хало, киблаи  Зардушт,
              Биншину  барафган  шиками  кокум  бар пушт.
              Бас касе, ки зи Зардушт  бигардиду  дигар  бор
              Ночор кунад рӯ ба сӯйи  қиблаи Зардушт.

Олам ва «Шохнома»- и Дақиқӣ.

  Дақиқӣ  дар Бухорои Сомонӣ  ягона  шоири  ватанхоҳ,  донанда  ва дӯстдори  анъанаҳои  миллӣ ва достонҳои  қаҳрамонии халқи худ буд. Шояд  аз ҳамин сабаб бошад,  ки  Нӯҳ бинни  Мансури Сомонӣ  соли 976  ба назм даровардани  қиссаи «Шоҳнома»- и равонаро  ба Дақиқӣ  фармуд  ва ӯ ин вазифаро  бо ҷону  дил кабул  кардааст:

          Ҷавоне  биёмад  кушодазабон,
          Сухан  гуфтани  хубу  равшанравон.
          «Ба назм  орам  ин  номаро» гуфт,  «ман»,
          Аз ӯ шодмон шуд дили анҷуман.

      Дақиқӣ аз қиссаҳои  «Шоҳнома»  достони  «Гуштоспу Арчосп» - ро  дар вазни  мутакориби  мусаммани  максур  ба назм даровард. Ҳамин тарик,  Дақиқӣ  аз ин достон 1000 байт гуфт  ва онро  Фирдавсӣ  ба «Шоҳнома» - и худ ҷой додааст.
      Дар шеърхои  Дақиқӣ  манзараи  гуногун  ва зебоии табиат бо ҳамаи ороиш ва тозагию  нафосаташ  вобаста  ба ҳиссиёти  ошиқонаю ҳаётдӯстона ба таври  бадеӣ  тасвир ёфтааст.
    Олами Дақиқӣ, гарчанде ки  ӯ умри зиёде надида бошад ҳам, пур аз тозагию зебоӣ, ситоиши қувваҳои неки табиат ва худи табиати инсон ба хубӣ тасвир ёфтааст. 

Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!

Боркуни аз LetitBit.net Боркуни аз TurboBit.net Боркуни аз DepositFiles.com

Арза кардан

Категорияи: Забони тоҷикӣ

Баргаштан
Хамаги тавзеххо: 0
avatar

Ба диккати шумо мерасонем

Сардори сомонаи www.Донишчу.рф Шуморо бо 1 июни рузи байналмилали кудакон табрик гуфта ва ба шумо рузхои рузи бехтаринро таманно дорам ....
 

Маводи бехтарин

 

Категорияи муваккатани

Забони тоҷикӣ [47]
Забони хориҷӣ [30]
Забони олмонӣ [0]
Физика [16]
Накша [0]
Информатика [72]
Асосҳои барномасозӣ [11]
Манбаи додашудаҳо [5]
Сиёсатшиносӣ [16]
Педагогика ва психология [6]
Фарҳангшиносӣ [17]
Назарияи иқтисоди [16]
Таърихи тоҷик [15]
Барномасозии офисӣ [11]
Сотсиология [3]
Анатомия [4]
Агроэкология [1]
Маркетинг [22]
Менеҷмент [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [0]
Фалсафа [4]
Ҳуқуқи молиявӣ [1]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [8]
Ҳуқуқи андоз [0]
Экология [1]
Презентатсия [38]
Китобҳо (Руссӣ Тоҷикӣ) [280]
Анатомия [2]
Ботаника [2]
Зоология [2]
Демография [1]
Математика [5]
Намунаи ҳуҷҷатҳо [13]
Экономика [1]
Медицина [0]
Иқтисоди миллӣ [2]
Бухгалтерия [3]
Эконометрика [0]
Табрикнома [4]
Панду андарз [17]
Иктисодиёти байналхалки [21]
Сотсиология [5]
Забони арабӣ [4]
География [9]
Асосхои Сохибкори [2]
Банакшагирии бизнес [2]
Конспексияи табиатшиносии муосир [2]
Иктисоди корхона [2]
 
Хостинг от uCoz