Унсурмаолии Кайковус

Санаи гузошташуда: 04.04.2013 Муаллиф: Донишчу Хонданд ва ба худ гирифтанд: 971] Тавзеххо: 0

Унсурмаолии Кайковус

Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Донишчу
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:

Унсурмаолии Кайковус

Гар бар сари моҳ барниҳи пояи тахт,
В-ар ҳамчу Сулаймон шави аз давлату бахт.
Чун умри ту пухта гашт, барбанди рахт,
К-он мева, ки пухта шуд биафтад зи дарахт.

Унсурмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Кобус ибни Вушмагир дар ибтидои асри XI таваллуд шуда, то охирҳои ҳамин аср умр ба сар бурдааст. Ӯ яке аз охирин намояндагони сулолаи Зиёриён аст, ки дар асрҳои X-XI дар ноҳияи Куҳистон, ки Табаристон, Гургон, Гелон, Рай, Дайламистон барин мавзеъҳои  қисмати шимолии Эронро дар бар мегирифт ҳукмрони доштанд.
Бобои Кайковус Шамсулмаоли  Кобус ҳам аз аҳли илму фазл буда,  донишмандону суханварони соҳибистеъдодро пуштибони мекардааст. Тасодуфи нест, ки донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ яке аз маъруфтарин асарҳои худ «Осорулбокия»-ро бо эҳтироми зиёд ба ӯ бахшидааст. Худи Кобус ба ду забон-форсии дари (тоҷики) ва араби эҷод мекардааст, ки  ашъори парокандаи дар сарчашмаҳо боқимонда ва рисолаи «Камолулбалоғат» барин асарҳои ӯ аз қобилияти хуби суханвариаш гувоҳи медиҳанд. Вай ҳамчунин дар хушнависӣ саликаву маҳорати баланд доштааст.
Кайковус дар чунин муҳит тарбият ёфта, ҳануз дар навраси илму хунарҳои гуногунро аз худ намуда  буд. Чунон ки дар фасли «Андар парвардани фарзанд» бармеояд, падари Кайковус ба тарбияи ӯ диққату ғамхории зиёд зоҳир намуда, барои таълиму омӯхтани ҳар гуна касбу хунарҳо ба ӯ мурабиёну устодони гуногунро сафарбар мекардааст.
Маълум мегардад, ки  Кайковус Гелоншоҳ ном писаре доштааст. ӯ бо мақсади  тарбияи фарзанди гиромии худ ва ба роҳи неки зиндаги ҳидоят намудани вай дар сини 63-солаги ба навиштани насиҳатномае шурӯъ мекунад, ки бо номи «Кобуснома» машҳур аст. Кайковус насиҳатномаи худро барои адои «шарти падари» бо мақсади тарбияи фарзандонаш таълиф кардааст, вале он ба дастури ахлоқиву тарбиявӣ ва китоби бадеиву хондании ҳазорҳо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёту афкори педагогии халқҳои тоҷику форс ҷовидони сабт намуд.
Инчунин Кайковус ба моҳияти акл дар ҳастии инсон диққати ҷидди дода, онро сарчашмаи ҳамаи хислатҳои ҳамида медонад ва роли бузурги тарбияву меҳнатро  дар такомули ақли инсони таъкид месозад. 
Чунон, ки шарқшиноси маъруфи совети Е. Э. Бертельс ҳаққони қайд карда буд, "Кобуснома” на ба забони адабии эрони, балки бо забони адабии сокинони қаламрави Сомониён, яъне тоҷикон навишта шудааст.
"Кобуснома” ба забонҳои дигар низ тарҷума шудааст, аз ҷумла ба забони туркӣ, немисӣ, англисӣ, русӣ ва арабӣ. 
Бо ҳуруфи имрузаи тоҷики мунтахаби "Кобуснома” бори аввал соли 1968 аз тарафи  адабиётшинос Девонакулов  дар шакли китобчаи алоҳида таҳти унвони "Насиҳатнома” нашр гардид.
Ниҳоят бояд гуфт, ки ин асар бо номҳои гуногун аз қабили "Насиҳатнома”, ”Панднома”, ”Андарзнома” ёд мешавад. 
Насри гузаштаи тоҷику форс ҳам ба мисли назми оламшумули он таърихи анъанаҳои шоистаеро дорост. «Кобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус дар силки он  дурдонаҳоест, ки зиёда  аз 900 сол пеш аз ин эҷод шуда, то имрӯз арзиши худро аз даст надодааст ва ҷилову дурахши пешинаашро гум накардааст. Аз ин китоб, ки пур аз панду андарзҳои ҳакимонаву ҳикояту саргузаштҳои ибратбахш иборат аст, чандин насл сабақи зиндагӣ омӯхта, дарси ахлоқу одоби хамида  гирифтаанд ва ба тарзи рузгордории гузаштагон шиносои пайдо карда, анъанаҳои неки онро давом додаанд.
«Кобуснома» аз 44 боб иборат  буда, ҳар боби он ба яке аз масъалаҳои гуногуни ахлоку одоб, расму оин, маишату рузгордори, оилаву хонадори таҳсилу таълим, омӯзиши касбу ҳунар, санъату варзиш, сиёсату идораи мамлакат ва дигар паҳлуҳои зиндагии инсон бахшида шудааст.
Унсурмаолии Кайковус пас аз бобҳои анъанави, ки бо тақозои мафкураи ҳукмрони замони ӯ ҷанбаи динӣ доранд, аз боби панҷум сар карда, таваҷҷӯҳи хонандаро ба шинохтани ҳаққи падару модар ҷалб менамояд, аз фазилатҳои асосии инсон – нутқи саханвари ва некиву накӯкори мулоҳизаҳо баён мекунад. Кайковус баёнро аз моҳияти инсон шурӯъ намуда, дар бобҳои гуногун дар бораи ташаккули фарзанд аз кӯдакиву ҷавони то пирӣ ва аз омӯзиши илму пешаҳои гуногун, тадриҷан то ба дараҷаи ҳукмрони мамлакат расидани ӯ сухан меронад. 
Дар «Кобуснома» Кайковус пеш аз ҳама ба некиву накукори диққат медиҳад ва инро аз фазилатҳои асосии инсон дониста, дар ҳар маврид талкин мекунад: «Аммо неки аз сазовори неки дарег мадор ва некиомӯз бош… Ва  бар неки кардан пушаймон мабош…»
Дар бобҳои гуногуни «Кобуснома» муаллиф ҷоҳилӣ, фиреб, худписанди, бадгӯи, кинаву бахили, риёю ситам барин хислатҳои зиштро маҳкам намуда, дӯстию накӯкори, ростиву ҷавонмарди, саховатманди, фурутани, беозори ва дигар фазилатҳои хамидаи инсониро ситоиш ва талкин мекунад. 
 УНВОНИ  БОБҲОИ «КОБУСНОМА»
Дар манфиати сафар
Андар шинохтани ҳаққи падару модар
Андар фурӯхтани ва афзунии ҳунар
Андар пеши ҷустан дар сухандони
Андар ёд кардани пандҳои Нушервони одил
Андар тартиби пириву ҷавони
Андар хештандори ва тартиби хӯрдан ва оини он
Андар тартиби шароб хӯрдан ва шароити он
Андар меҳмони кардан ва меҳмон шудан ва шароити он
Андар маҳоз ва нарду шатранч ва шароити он
Андар ишқ варзидан ва шароити он
Андар оини гармоба рафтан
Андар хуфтану осудан
Андар шикор кардан
Андар чавгон задан
Андар корзор кардан
Андар оини ҷамъ кардани мол
Андар амонат нигоҳ доштан
Андар харидан ва шароити он
Андар оини уқубат кардан ва авф кардан
Андар харидани асп
Андар зан хостан
Андар фарзанд парвардан ва оини он
Андар оини дӯст гирифтан
Андар андеша кардан аз душман
Андар оини уқубат кардан ва авф кардан
Андар толибилми ва фаққеҳи
Андар тиҷорат кардан
Андар тартиби илми тиб
Андар илми нуҷум ва ҳандаса
Дар оину расми шоири
Андар одоби ҳунёгари
Андар хидмат кардани подшоҳ
Андар одоби надими кардан
Андар оини котиб ва шароити котиби
Андар шароити варзиши подшоҳ
Андар расми сипаҳсолори
Андар оин ва шарти подшоҳи
Андар оину расми дехқони ва ҳар пеша ки дони
Дар оини чавонмарди



БОБИ 4
ДАР МАНФИАТИ САФАР

Ҳикоят
Вақте раиси Бухоро қасди ҳач кард. Ва ӯ марде сахт мунъим буд ва дар он кофила касе аз ӯ мунъимтар набуд ва афзун аз сад шутур бори ӯ мекашиданд. Ва ӯ дар амори нишаста буд ва хиромону нозон ҳамешуд дар бодия бо созу олати тамом. Ва қавме аз дарвешу  тавонгар бо вай ҳамроҳ буданд.
Чун наздикии Арафот бирасиданд, дарвеше ҳамеомад побараҳна ва ташнаву гурусна ва пойҳо обила карда. Раиси Бухороро дид бад- он сон созу таносои. Руй ба вай карду гуфт:
-Вақти мукофот ҷазои ману ту-ҳар ду яке хоҳад  буд. Ту дар он нозу неъмат ҳамеравиву ман дар ин шиддат.
Раиси Бухоро гуфт:
-Хошо, ки ҷазои ману  ту ҳарду яке бошад. Ва агар  ман бидонистаме, ки турову маро як пойгаҳ хоҳад будан, ҳаргиз дар бодия наёмадаме.
Дарвеш гуфт:
-Чаро?
Гуфт:
-Ман ба фармони Худо омадам ва ту ба хилофи фармон омади. Маро хондаанд, ман меҳмонам ва ту туфайлии. Ҳашмати туфайли чун ҳашмати меҳмон кай бошад. Худои таъоло ҳач тавонгаронро  фармуд… ва ту бефармон… ба бечорагиву гуруснагӣ дар бодия омадаи ва Худоро дар таҳлуқа андохти, бо фармонбардорон чун баробари куни?...
  
БОБИ 5
АНДАР ШИНОХТАНИ ҲАҚҚИ ПАДАРУ МОДАР

Бидон эй писар, ки … аз муҷиби хирад бар фарзанд воҷиб аст худро ҳурмат доштан ва таҳаҳуд кардан. Гуфт:
-Панҷ ҳазор динори накд бидиҳам. 
Маҳол гуфт:-Ёфтам Фатҳро зинда.
Завраке биёваранд ва Фатҳро бибуранд.
Мутаваккил он чи малоҳро гуфта буд, бифармуд то дар вакт бидонанд. Вазирро бифармуд  ва гуфт, ки дар хазинаи ман рав, ҳарчи ҳаст, як нима ба дарвешон дех.
Он гоҳ гуфт:-Таом  оред, ки вай  гуруснаи ҳафтруза аст.
Фатҳ гуфт:-Ё амирулмуъминин, ман серам.
Мутаваккил гуфт:-Магар аз оби Даҷла сер шуди?
Фатх гуфт:-На, ки  ман ин ҳафт руз гурусна  набудам, ки ҳар рӯз бисто нон бар табаке ниҳода ба рӯи об фуру омади ва ман ҷаҳд кардаме то ду-сето аз он нон бигрифтаме ва зиндагонии ман аз он нон буди ва ба ҳар нон навишта буд: «Муҳаммад ибни Ал-Ҳусайн Ал-Аксоф».
Мутаваккил фармуд, ки дар шаҳр муноди кунед, ки он мард, ки нон дар Даҷла афканд кист ва бигуед, то биёяд, ки  амирулмуъминин ба ӯ некӯи хоҳад кард, то натарсад.
Чунин муноди карданд. Рӯзи дигар марде биёмад ва гуфт:-Ман он кас.
Мутаваккил гуфт:-Ба чӣ нишон?
Мард гуфт:-Ба он нишон ки  номи ман бар руи ҳар ноне навишта буд,  ки Муҳаммад ибни Ал-Ҳусайн Ал-Аксоф.
Мутаваккил гуфт:-Нишон дуруст аст. Аммо чанд гоҳ аст,  ки ту дар ин Дачла  нон меандози?
Мард гуфт:-Як со аст.
Мутаваккил гуфт:-Гарази ту аз ин  чӣ буд?
Мард гуфт:-Шунида Будам, ки неки куну ба об пато, ки рузе бар диҳад. Ва ба дасти ман некии дигар набуд. Он чи тавонистам кардам, ҳаме кардам, то худ чи бар диҳад.
Мутаваккил гуфт:-Он чи шуниди, карди, бад-он чи карди, самара ёфти.
Мутаваккил вайро дар Бағдод панч дех мулк дод. Мард ба сари мулк рафт ва муҳташам гашт ва ҳануз фарзандони ӯ дар Бағдод мондаанд. Ва ба рузгори Ал-Қоим биамрилоҳ ман ба ҳач рафтам. Эзиди таоло маро тавфиқ дод, то зиёрати худой бикардам ва фарзандони вайро бидидам ва ин ҳикоят аз пирои Бағдод шунидам. 
Пас то битавони аз некӯи кардан маёсой ва худро ба некиву накӯкори ба мардумон намой ва чун намуди ба хилофи намуда мабош. Ва ба зуфон дигар магуй ва ба дил дигар мадор то гандумнамои ҷавфуруш набоши.

Ҳикоят

Шунидам, ки рӯзгори Хусрав дар вақти вазорати Бузургмеҳри ҳаким расуле омад аз Рум. Хусрав бинишаст, чунон ки  расми мулуку Аҷам буд ва расулро бор дод. Ва подшоҳро бо расул барнома мебоист, ки кунад ба Бузургмеҳр. Яъне ки варо чунин вазирест. Пеши расул бо Бузургмеҳр гуфт:-Эй фалон ҳама чиз, ки ӯ гуяд дони?. Бузургмеҳр гуфт:-На, эй худойгон.
Хусрав аз он тира шуд ва аз расул хиҷил гашт. Пурсид, ки ҳама чиз кӣ донад? Гуфт:-Ҳама чиз ҳамагон донанд ва ҳамагон ҳанӯз модар назодаанд.
Пас эй Писар, ту худро аз ҷумлаи донотарон мадон ки чун худро нодон донисти, доно гашти. Ва сахт доно касе бошад, ки бидонад, ки нодон  аст, ки Сукрот бо бузургии хеш ҳамегуяд, ки агар ман битарсидме, ки баъд аз ман бузургон ва аҳли акл бар ман таънат кунанд ва гуянд ки Сукрот ҳама дониши чаҳонро ба як бор даъво кард, ман мутлак бигуфтаме, ки ман хеч чиз надонам ва оҷизам. Валекин натавон гуфт ки  аз ман  даъвии бузург бошад. Ва Абушукури Балхи худро ба дониши бузург дар байте меситояд ва он байт  ин аст:

То бад-он ҷо расид дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки надонам.  

БОБИ 7
АНДАР ПЕШИ ҶУСТАН ДАР СУХАНДОНИ

Ҳикоят

Бидон эй Писар, ки ман ба рузгори Амир Буссавор он сол, ки аз ҳач бозомадам, ба газо рафтам ба Ганҷ,а ки газои Ҳиндустон бисёр карда будам, хостам, ки газои Рум низ карда шавад. Ва Амир Буссавор подшоҳе бузург буд ва марде пойбарчой ва хирадманд ва одилу шуҷоъ ва фасеҳу мутақаллим ва покдину пешбин, чунон ки маликон сутуда бошанд. Ва ҳама ҷидд буди бе ҳазл.
Чун маро бидид бисёр ҳашмат кард  ва бо ман дар сухан омад ва аз ҳар навъе ҳамегуфт. Ва ман мешунидам ва ҷавоб ҳамедодам. Суханҳои ман ӯро писандида омад. Бо ман бисёр кароматҳо кард ва нагузошт ки бозгардам.
Азбас эҳсонҳо, ки мекард бо ман, ман низ дил биниҳодам ва чанд сол ба Ганҷа муқим шудам. Ва пайваста ба таому шароб дар маҷлиси ӯ ҳозир шудаме ва аз ҳар гуна суханҳо аз ман ҳамепурсиди аз ҳоли оламу мулуки гузашта. То рӯзе аз вилояти мо сухан  ҳамерафт, аз ҳоли ноҳияи Гургон аз ман ҳамепурсид. Ман гуфтам:
-Ба рустои  Гургон деҳест дур кӯҳи боя ва чашмаест аз деҳ дур. Ва занон, ки об оранд, ҷамъ шаванд, ҳар кас бо сабуй. Ва аз он чашма об баргиранд ва сабуй бар сар ниҳанд ва бозгарданд. Яке аз эшон бе сабуй ҳамеояд ва ба роҳ андар ҳаменигарад. Ва кирмест сабза дар заминҳои он дех. Ҳар кучо аз он кирм ҳамеёбад аз роҳ ба як су ҳамеафканад то он занон ба он кирм наниҳанд, ки агар яке аз эшон пой бар он кирм ниҳад ва кирм бимирад, он об, ки дар сабуй бар сар доранд, дарҳол ганда шавад, чунон ки бибояд рехтан ва бозгаштан ва сабуй шустан ва дигарбора об бардоштан.
Чун ман ин сухан бигуфтам, Амир Абуссавор руй турш кард ва сар биҷунбонид ва чанд рӯз бо ман на бад-он ҳол буд, ки пеш аз он мебуд. То Пирузони Дайлам гуфт:
Амир гилаи ту кард ва гуфт: «Фалон марде пойбарҷоест. Чаро бояд ки бо ман сухан чунон гуяд, ки бо кӯдакон гӯянд. Чунон мардеро пеши чу мане чаро дурӯғ бояд гуфт?»
Ман дарҳол аз Ганҷа қосиде фиристодам ба Гургон ва маҳзаре фармудам кардам ба шаҳодати қози ва Раису хатиб  ва ҷумлаи удулу уламо ва ашрофи Гургон, ки ин деҳ бар ҷост ва ҳоли ин кирм бар ин ҷумла аст. Ва ба чаҳор моҳ ба ин маъни дуруст кардам ва маҳзар пеши Амир  Буссавор ниҳодам. Бидиду бихонд ва табассум карду гуфт:-Ман худ донам, ки аз чун туе дурӯғе гуфтан наояд, хосса пеши ман. Аммо чаро росте бояд гуфт, ки чаҳор моҳ рӯзгор бояд кард ва маҳзареву гувоҳии дувист удуд, то аз ту он рост қабул кунад .

Аммо бидон ки сухан аз чаҳор навъ аст: Яке надониставу нагуфта ва яке ҳам донистаниву ҳам гуфтани. Ва яке гуфтанисту надонистани ва яке донистанисту ногуфтани.

Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!

Боркуни аз LetitBit.net Боркуни аз TurboBit.net Боркуни аз DepositFiles.com

Арза кардан

Категорияи: Забони тоҷикӣ

Баргаштан
Хамаги тавзеххо: 0
avatar

Ба диккати шумо мерасонем

Сардори сомонаи www.Донишчу.рф Шуморо бо 1 июни рузи байналмилали кудакон табрик гуфта ва ба шумо рузхои рузи бехтаринро таманно дорам ....
 

Маводи бехтарин

 

Категорияи муваккатани

Забони тоҷикӣ [47]
Забони хориҷӣ [30]
Забони олмонӣ [0]
Физика [16]
Накша [0]
Информатика [72]
Асосҳои барномасозӣ [11]
Манбаи додашудаҳо [5]
Сиёсатшиносӣ [16]
Педагогика ва психология [6]
Фарҳангшиносӣ [17]
Назарияи иқтисоди [16]
Таърихи тоҷик [15]
Барномасозии офисӣ [11]
Сотсиология [3]
Анатомия [4]
Агроэкология [1]
Маркетинг [22]
Менеҷмент [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [0]
Фалсафа [4]
Ҳуқуқи молиявӣ [1]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [8]
Ҳуқуқи андоз [0]
Экология [1]
Презентатсия [38]
Китобҳо (Руссӣ Тоҷикӣ) [280]
Анатомия [2]
Ботаника [2]
Зоология [2]
Демография [1]
Математика [5]
Намунаи ҳуҷҷатҳо [13]
Экономика [1]
Медицина [0]
Иқтисоди миллӣ [2]
Бухгалтерия [3]
Эконометрика [0]
Табрикнома [4]
Панду андарз [17]
Иктисодиёти байналхалки [21]
Сотсиология [5]
Забони арабӣ [4]
География [9]
Асосхои Сохибкори [2]
Банакшагирии бизнес [2]
Конспексияи табиатшиносии муосир [2]
Иктисоди корхона [2]
 
Хостинг от uCoz