Ашъори Рудаки

Санаи гузошташуда: 16.08.2012 Муаллиф: Mc_Rauf Хонданд ва ба худ гирифтанд: 6125] Тавзеххо: 0

Ашъори Рудаки

Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Mc_Rauf
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, 
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт. 
Ин теғ на аз баҳри ситамкорӣ карданд, 
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт. 
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода, 
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт. 
Гуфто, ки: «Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор? 
То боз, ки ӯро бикушад он, ки туро кушт?» 
Ангушт макун ранҷа ба даркӯфтани кас, 
То кас накунад ранҷа ба даркӯфтанат мушт.



Дило, то кай хамечуи манеро, 
Чи дори дуст харза душманеро? 
Чаро чуи вафо аз бевафое? 
Чи куби бехуда сард оханеро? 
Аё савсанбаногуше, ки дори, 
Ба рашки хештан хар савсанеро. 
Яке з-ин барзани норох баршав, 
Ки бар оташ нишони арзанеро. 
Дили ман арзане, ишки ту кухе, 
Чи сои зери кухе арзанеро? 
Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо, 
Макуш дар ишк хира, чун манеро. 
Биё, инак нигах кун Рудакиро, 
Агар бечон равон хохи танеро.



Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме!

Реги Омую дуруштиҳои ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме!

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме!

Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме!

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме!

Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме.



Дилам хазонаи пурганч буду ганч-сухан,
Нишони номаи мо мухру шеър увон буд.
Хамеша шоду надонистаме, ки гам чи бувад,
Дилам нишоту тарабо фарох майдон буд.
Басо дило, ки ба сони харир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.
Хамеша чашмам зи зулфикони чобук буд.
Хамеша гушам зи мардуми сухандон буд.




Хеч шоди нест андар ин чахон
Бартар аз дидори руи дустон.
Хеч талхи нест бар дил талхтар
Аз фироки дустони пурхунар.



То чахон буд аз сари олам фароз,
Кас набуд аз рохи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар хар замон
Рози донишро ба хар гуна забон
Гирд карданду гироми доштанд,
То ба санг андар хаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароги равшан аст,
В-аз хама бад бар тани ту чавшан аст.



Имруз ба х,ар х,оле Багдоду Бухорост,
Кучо мири Хуросон аст, пирузи он чост.
Соки, ту бидех бодаву мутриб, ту бизан руд,
То май хурам имруз, ки вакти тараби мост.
Май хасту дирам хасту бути лоларухе хаст,
Гам нест, в-агар хаст, насиби дили аъдост.



Дар ишк чу Рудаки шудам сер аз чон,
Аз гиряи хунин мижаам шуд марчон.
Алкисса, ки аз бими азоби хичрон,
Дар оташи рашкам дигар аз дузахиён. (шеъри Рудаки)




Гар бар сари нафси худ амири, марди,
Бар куру кар ар нукта нагири, марди,
Марди на бувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигири, марди.



Х,ар бод, ки аз суи Бухоро ба ман ояд,
Бо буи гулу мушку насими суман ояд.
Бар х,ар зану х,ар мард кучо барвазад он бод?
Гуи магар он бод хаме аз хутан ояд.
Не-не, зи хутан бод чунин хуш навазад хеч,
К-он бод хаме аз бари маъшуки ман ояд.
Х,ар шаб нигаронам ба Яман то ту барои,
Зеро, ки сухайливу сухайл аз Яман ояд.
Бо х,ар ки сухан гуям агар хохаму гар на,
Аввал суханам номи ту андар дахан ояд!




Маро бисуду фуру рехт харчи дандон буд,
Набуд дандон, лобал чароги тобон буд.
Сапеду симрада буду дуру марчон буд,
Ситораи сахари буду катраборон буд. 


Все зубы выпали мои, и понял я впервые, 
Что были прежде у меня светильники живые. 
То были слитки серебра, и перлы, и кораллы, 
То были звезды на заре и капли дождевые....

Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!

Боркуни аз LetitBit.net Боркуни аз TurboBit.net Боркуни аз DepositFiles.com

Арза кардан

Категорияи: Панду андарз

Баргаштан
Хамаги тавзеххо: 0
avatar

Ба диккати шумо мерасонем

Сардори сомонаи www.Донишчу.рф Шуморо бо 1 июни рузи байналмилали кудакон табрик гуфта ва ба шумо рузхои рузи бехтаринро таманно дорам ....
 

Маводи бехтарин

 

Категорияи муваккатани

Забони тоҷикӣ [47]
Забони хориҷӣ [30]
Забони олмонӣ [0]
Физика [16]
Накша [0]
Информатика [72]
Асосҳои барномасозӣ [11]
Манбаи додашудаҳо [5]
Сиёсатшиносӣ [16]
Педагогика ва психология [6]
Фарҳангшиносӣ [17]
Назарияи иқтисоди [16]
Таърихи тоҷик [15]
Барномасозии офисӣ [11]
Сотсиология [3]
Анатомия [4]
Агроэкология [1]
Маркетинг [22]
Менеҷмент [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [0]
Фалсафа [4]
Ҳуқуқи молиявӣ [1]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [8]
Ҳуқуқи андоз [0]
Экология [1]
Презентатсия [38]
Китобҳо (Руссӣ Тоҷикӣ) [280]
Анатомия [2]
Ботаника [2]
Зоология [2]
Демография [1]
Математика [5]
Намунаи ҳуҷҷатҳо [13]
Экономика [1]
Медицина [0]
Иқтисоди миллӣ [2]
Бухгалтерия [3]
Эконометрика [0]
Табрикнома [4]
Панду андарз [17]
Иктисодиёти байналхалки [21]
Сотсиология [5]
Забони арабӣ [4]
География [9]
Асосхои Сохибкори [2]
Банакшагирии бизнес [2]
Конспексияи табиатшиносии муосир [2]
Иктисоди корхона [2]
 
Хостинг от uCoz