Модарнома

Санаи гузошташуда: 16.08.2012 Муаллиф: Mc_Rauf Хонданд ва ба худ гирифтанд: 5384] Тавзеххо: 1

Модарнома

Андозаи мавод: ()
Муаллиф: Mc_Rauf
Гирифтанаш: Ройгон
Формати мавд:

Модар!!! ТУ он чашмаи чўшони ҳаёти, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардони. ТУ он моҳи дурахшони, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираи моро равшан месози… Офтоб аз лабханди ТУ тулўъ мекунад ва баҳор бо гулҳои рангинаш дар домони поки ТУ мешукўфад… Абр аз шавrи ТУ меборад ва дарё бо ишқи ТУ мавч мезанад... Зиндаги аз ТУ оғоз мешавад, яъне сароғози «будан» ин садои гарму гиромии ТУст ва дунё аз бўи муқаддаси ТУ атрогин аст... Хок бар хеш меболад, ки сар ба қудуми ТУ ниҳода ва бод аз он менозад, ки паёми муҳаббати ТУро ба дуриҳои дур бурда... Модар!!! Худованд ба ТУ отифае каромат карда, ки бо ҳеч қиммате наметавон онро санчид. Агар ман борҳо зинда шавам ва умрҳо хокрўби остони ТУ бошам, боз ҳам наметавонам, ҳатто ранчи якшабаи ТУро чуброн кунам... ТУ он мавчуди шарифи, ки расидан ба охирин марҳилаи камол танҳо бо ризои ТУ муяссар аст… ҳақиқати зиндагии ТУ ишқ варзидан, дўст доштан ва фидокори намудан аст... Бузургии ТУ ба ҳаддест, ки ба хотири давом ёфтани хушбахти дар xаҳон, дафтари орзўҳои худро ниматамом мегузори ва дафтари дигаре ба номи фарзандат боз намуда аз нав дар он тухми ишқу умед мекори ва бо обёрии он аз чашмаи исору муҳаббат, умре дар интизори шукуфтани гулҳояш ба сар мебари... Домони ТУ чи Паямбарон ва нобиғаҳое ба чаҳон тақдим намуд ва он Ягонаи торих ва беҳтарини башар аз ин домони пок ба меъроч расид... Модар!!! Нафаси ТУ насимест, ки оромишро дар чони замин чори мекунад ва чеҳраи нуронии ТУ оинаи тамомнамоест аз буду набуди мо. Дасти навозишгари ТУ таскинбахши мо дар лаҳзаҳои душвори зиндагист ва вучуди мубораки ТУ сарчашмаи комёбиҳои мост дар набарди рўзгор. Модар!!! ТУ ҳама чизу ҳама каси. Ишқ бо ТУ ба камол расид ва меҳрубони дар ТУ хотима ёфт. ТУ мазҳари зебоию садоқати ва тамоми хубиҳоро метавон дар номи покат хулоса кард, модар…



Вақти тифлӣ, вақти роҳ омӯхтан, 
То наафтад, дошт ӯ аз домани ту. 
То намонад дасту пои баста дар гаҳвора танҳо, 
Дошт ӯ аз домани ту вақти ҷое рафтани ту. 

Боз медорад зи домони ту, модар, 
Гарчӣ акнун гурзбардоранд ӯро дастҳо. 
Гарчӣ натвонӣ ту акнун роҳ гаштан по ба пояш, 
Гарчӣ натвонӣ шуморидан қадаммонии ӯро. 

Боз медорад зи домони ту, модар, 
Кӯдаки бо ранҷҳо, бехобиҳо парвардаи ту. 
Кӯдаке, ки як замоне чорпоя роҳ мерафт, 
Ин замон соҳиб шуда бар зиндаю бар мурдаи ту. 

Боз медорад зи домони ту, модар, 
То нагирад доманат аз дасти ӯ дасти хатар...



Зиндагони лазаташ дар ибтидою интихост, 
Ё лахад чои фарогат ё канори модараст.



Ду бихиште доштам, дар рузгори хештан, 
Батни модар он якеву дигаре домони у.


Модар, модар, ба чон баробар модар, 
Хуршеди сабохи мехрпарвар модар. 
Хуршеде, ки хар сахар барояд ба чахон, 
Аз боиси ман доду кайсар модар.



Диле дорам, ки навкар мешавам ман, 
Асири пои модар мешавам ман. 
Агар модар ба фарзанди нагирад, 
Дар ин олам каландар мешавам ман. 


Бихиште доштам э дил даме дар домани модар, 
Фурузон гаштаам э дил зи чашми равшани модар. 

Оча очае ба руят зорам очае, 
Дар мулки гарибихо чи хорум очае, 
Сад сол гузара ба кадри мехрат нарасам, 
Бархезу бубин, ки бар чи холум очае.
 

Очам ба дара, руймоли очам ба дара, 
Эй вой, ки худо ба пеши очам бибара, 
Як лахзае сар ба руи зонуш монум, 
Дилум бигира карор, хобум бибара. 

Э очаи чон шири халолата бубахш, 
Шабхои нахобидаи бедорта бубахш, 
Ман дар гами ишк зи холат мондам бехабар, 
Фарзанди ба дарди ишк беморта бубахш.



Аё модар туи бахти чавонам 
Аё модар туи тахти равонам 
Туи дард ошнову мехрубонам 
Хамеша бо ту бошам бо ту монам 
Муборак модараи чон рузи идат 
Муборак бодхар субхи саидат. 
Туи модар нигини зархали ман 
Ту хам болини хам бистари ман 
Надорам аз ту модар рози пинхон 
Хамеша гамгусори дар барии ман 
Муборак модараи чон рузи идат 
Муборак бодхар субхи саидат. 
Аё модар нидои туст бар хак 
Аё модар ризои туст бар хак 
Бароят тухфа аст ин шеъри садбарг 
Ки чаннат зери пои туст бар хак. 
Муборак модараи чон рузи идат 
Муборак бодхар субхи саидат.



Модар модаро ганчи бебахоям ту буди 
Зи хар офату бало рохи рахоям ту буди 
Хар катраи шири ту дарьёи беканорам шуд 
Хар лавзи ширинат боми ду чахонам шуд 
Аллахои шабхо гуфта хам киссаи ширинат 
Аз чашмам наравад хеч шабхои бедориат 
Модар бишав аз ман ризо ба амри парвардигор 
Монда буди як руза ин писарро ту Ёдгор 
Сари кабрат омадам бо ду зону нишастам 
Ту зери хокию ман рози худ бигуфтам 
Ба чой овард хохишатро он хохарат ай модар 
Ба чойи ту модар шуд ба чонам буд баробар 
Кадри бемодари надоштам то он ки холаам буд 
Кадр дону мехрубон бачои модарам буд 
Ту хам рафти холачон холи чойи модар шуд 
Дуньё хама торик бар пеши назар шуд



Модаричон чашму абруи туро пазмон шудам, 
Аз дурихо шуълаи руи туро пазмон шудам. 
Хоб мекардам ба рохат дар сари зонуи ту, 
Дуру марчон мондаву зонуи туро пазмон шудам. 


Фарзанд давоми умри инсон бошад, 
Неруи дилу халовати чон бошад. 
Модар чу дарахтест дар ин боги чахон, 
Бигзор ки мевааш фаровон бошад.


Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар, 
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш, 
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад, 
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Зи рӯят нур меборад ба рӯи зиндагониям, 
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв, 
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам? 
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман, 
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.(Лоиқ Шералӣ)



Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, 
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар. 

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон, 
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар. 

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам, 
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар. 

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ 
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар. 

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш, 
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар. 

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар, 
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар. 

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд, 
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар. 

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад, 
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар. 

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад, 
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар. 

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг 
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар. 

Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон, 
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар. 

Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд, 
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар. 

Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре, 
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар. 

Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину 
Бе шуълаи нигоҳи толеънамои модар. 

Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯи некӣ 
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар. 

Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад – 
Аз чор самти дунё ояд садои модар. 

Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин 
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар. 

Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд, 
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар. 

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд, 
Як байт ҳам наарзад андар санои модар. 

Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд, 
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар. 

Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд, 
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар. 

Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир 
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар. 

Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш 
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар. 

Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд, 
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар. 

Дарду балои дунё бигрифт модари зор, 
Нагрифт лек дунё дарду балои модар. 

Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо, 
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар. 

То як шаванд халқон дар зери чархи гардон, 
Бинед, яккатозон қадди дутои модар. 

Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё 
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?
 
                                        Лоиқ Шералӣ


Обруи ахли дин аз хоки пои модар аст; 
Харчи дорад ин ватан аз дуъои модар аст; 
Онки дар васфи бихиш фармуд куръони карим; 
Сохиби куръон бигуфто зери пои одар аст



Як дами ҷон костани модарон 
Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон. 

Як нигаҳи шуълавари модарон 
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон. 

Як сухани бонамаки модарон 
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон. 

Як асари маслиҳати модарон 
Беҳ зи ҳама доварии доварон. 

Як ҳунари ҳамдамии модарон 
Беҳ зи ҳама ҷодуи санъатгарон. 

Як нафаси сӯхтани модарон 
Беҳ зи ҳама сӯзи дили шоирон. 

Як табусӯзи ҷигари модарон 
Беҳ зи ҷигардории сарлашкарон. 

Як мадади фотиҳаи модарон 
Беҳ зи мададгории соҳибсарон. 

Як қадами беалами модарон 
Беҳ зи ҳама шаш ҷиҳати бекарон. 

Пас ба қадамҳои шумо, модарон, 
Хок шаванд аз ҳама волотарон. 

Пас ба қадамҳои шумо, модарон, 
Кавну макон бод фидо, модарон!

Ин ссылкахо муваккатан дастнорассанд LetitBit.net, TurboBit.net, DepositFiles.com Аз сомона ба худ гиред!

Боркуни аз LetitBit.net Боркуни аз TurboBit.net Боркуни аз DepositFiles.com

Арза кардан

Категорияи: Панду андарз

Баргаштан
Хамаги тавзеххо: 0
avatar

Ба диккати шумо мерасонем

Сардори сомонаи www.Донишчу.рф Шуморо бо 1 июни рузи байналмилали кудакон табрик гуфта ва ба шумо рузхои рузи бехтаринро таманно дорам ....
 

Маводи бехтарин

 

Категорияи муваккатани

Забони тоҷикӣ [47]
Забони хориҷӣ [30]
Забони олмонӣ [0]
Физика [16]
Накша [0]
Информатика [72]
Асосҳои барномасозӣ [11]
Манбаи додашудаҳо [5]
Сиёсатшиносӣ [16]
Педагогика ва психология [6]
Фарҳангшиносӣ [17]
Назарияи иқтисоди [16]
Таърихи тоҷик [15]
Барномасозии офисӣ [11]
Сотсиология [3]
Анатомия [4]
Агроэкология [1]
Маркетинг [22]
Менеҷмент [12]
Назарияи давлат ва ҳуқуқ [0]
Фалсафа [4]
Ҳуқуқи молиявӣ [1]
Ҳуқуқи конститутсионӣ [8]
Ҳуқуқи андоз [0]
Экология [1]
Презентатсия [38]
Китобҳо (Руссӣ Тоҷикӣ) [280]
Анатомия [2]
Ботаника [2]
Зоология [2]
Демография [1]
Математика [5]
Намунаи ҳуҷҷатҳо [13]
Экономика [1]
Медицина [0]
Иқтисоди миллӣ [2]
Бухгалтерия [3]
Эконометрика [0]
Табрикнома [4]
Панду андарз [17]
Иктисодиёти байналхалки [21]
Сотсиология [5]
Забони арабӣ [4]
География [9]
Асосхои Сохибкори [2]
Банакшагирии бизнес [2]
Конспексияи табиатшиносии муосир [2]
Иктисоди корхона [2]
 
Хостинг от uCoz